Лоиҳаи «ИнфоТур Across Tajikistan» оид ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон анҷом ёфт

Октябрь 3, 2017 16:22

ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «ИнфоТур Across Tajikistan»,  ки  бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», оҷонсии сайёҳии «Скай Тур» ва меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, анҷом ёфт.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, лоиҳа бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва таблиғи кишварамон дар саросари ҷаҳон тарҳрезӣ шуда, дар доираи он барои 11 нафар намояндагони оҷонсиҳои сайёҳӣ, блогерҳо ва хабарнигорон аз Швейтсария, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Россия ва Қазоқистон барномаи васеи боздид аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд.

Дар доираи лоиҳа  иштирокдорон  табиати зебо ва мавзеъҳои   шаҳри Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, навоҳии Дарвозу Восеъ, Данғара, шаҳри Норак, водии Зарафшон, шаҳри Панҷакент ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро тамошо карданд.

Инчунин зикр гардид, ки дар расми хотимавӣ намояндагони кумитаи тадорукоти лоиҳа – сардори хадамоти роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Бригитта Уэйрэм, директор оид ба маркетинги оҷонсии сайёҳии «Скай Тур» Тахмина Баҳронова, ҳамчунин муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иштирок намуданд.

Инчунин ҳайати меҳмонони хориҷӣ таассуроти худро баён намуда, иброз доштанд, ки «Тоҷикистон кишвари зебову нотакрор буда, фарҳанги бою мардуми меҳмоннавоз ва иқтидори бузург барои рушди туризм дорад».

 

Октябрь 3, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ