Минбаъд дар Тоҷикистон рухсатии сарбозони оиладор аз ҳисоби қисмҳои низомӣ пардохт мегардад

Октябрь 11, 2017 17:34

ДУШАНБЕ, 11.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки никоҳи қонунӣ доранд ва соҳиби ҳамсару фарзанданд,  дар ним сол  ба муҳлати аз 20 то 30 рӯз ба рухсатӣ мераванд ва роҳкиро барои онҳо аз ҳисоби  қисмҳои низомӣ пардохт мегардад.  Дар ин росто 11 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»  тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Эмомалӣ Собирзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми Вазири мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон  тавзеҳ дод, гуфт, ки  ҳамчунин тибқи ин тағйирот минбаъд  сарбозону афсароне, ки оиладоранд, дар масофаи на камтар аз 100 километр аз маҳалли зисташон хизмат менамоянд. Инчунин сарбозоне, ки соҳиби як фарзанданд ва дар идомаи хизматашон фарзанди дуюмашон таваллуд мешавад, онҳо аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мегарданд.

 

 

Октябрь 11, 2017 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд