Минбаъд дар Тоҷикистон рухсатии сарбозони оиладор аз ҳисоби қисмҳои низомӣ пардохт мегардад
ДУШАНБЕ, 11.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки никоҳи қонунӣ доранд ва соҳиби ҳамсару фарзанданд, дар ним сол ба муҳлати аз 20 то 30 рӯз ба рухсатӣ мераванд ва роҳкиро барои онҳо аз ҳисоби қисмҳои низомӣ пардохт мегардад. Дар ин росто 11 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Эмомалӣ Собирзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дод, гуфт, ки ҳамчунин тибқи ин тағйирот минбаъд сарбозону афсароне, ки оиладоранд, дар масофаи на камтар аз 100 километр аз маҳалли зисташон хизмат менамоянд. Инчунин сарбозоне, ки соҳиби як фарзанданд ва дар идомаи хизматашон фарзанди дуюмашон таваллуд мешавад, онҳо аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мегарданд.








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






