МУКОФОТ МУБОРАК! Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи «Springer Nature» гардид
ДУШАНБЕ, 4.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз ҷониби ширкати «Springer Nature» ба мукофот аз рўи бахши нашриётии «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ» сазовор дониста шуд»,-мужда расонд президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни ҷаласае, ки имрӯз оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ин ниҳод баргузор гардид.
Ширкати «Springer Nature» нашриёти байналмилалии илмии ҷаҳон буда, аз соли 1842 фаъолият менамояд ва шурӯъ аз соли 2015 фаъолияташро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият бахшидааст.
Бояд зикр намуд, ки ширкати «Springer Nature» ва олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ муддатҳост, ки шарикони стратегӣ маҳсуб мешаванд. Ба платформаи «Springer Link» маводи чопии зиёди давлатҳои Осиёи Марказӣ шомил гардидаанд. Аз соли 1958 то кунун дар ин платформа аз ҷониби муаллифон беш аз 7000 ҳуҷҷат ба табъ расидаанд.
Бино ба маълумоти Фарҳод Раҳимӣ, 6 октябри соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супоридани мукофот аз рўи бахши «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ» ва «Муаллифони теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» баргузор мегардад.
«Академики АИ ҶТ Иззатулло Ғаниев аз ҷониби ширкати «Springer Nature» ба мукофот дар бахши «Муаллифони дорои теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» сазовор дониста шуд»,-иброз дошт президенти Академияи илмҳо.
Дар айни замон «Springer Nature» аз зумраи ширкатҳои рақами 1 оид ба теъдоди нашри мақолаҳо ва китобҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб дониста мешавад ва назар ба дигар нашрияҳо дар чопи мавод пешдастӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2015 ва 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду олим-Лутфулло Солиев ва Мирганд Шабозов сазовори мукофот дар бахши «Муаллифони дорои теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» шуда буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






