Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф

Октябрь 16, 2017 15:29

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Африка дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин росто ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои комили дуҷониба бо тамоми кишварҳои ин минтақа таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байнидавлатӣ ва тамосҳои корӣ байни мақомоти амниятии ду давлат фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба татбиқи иқдомҳое, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълону татбиқи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва дарёфти роҳи осоиштаю мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон равона шудаанд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои фарогири таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аср мавриди баррасӣқарор дода шуд.

 

Октябрь 16, 2017 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд