НАМОИШИ ЧОРВО ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Зотпарварони Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод ва Данғара навъҳои беҳтаринро нишон доданд

Октябрь 30, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ «Бозори фурӯши мол» бо мақсади аҳамияти бештар зоҳир намудан ба нигоҳубин ва парвариши чорвои хушзот, афзоиш ёфтани саршумори чорво ва парранда 27 октябр дар деҳоти Чоргултеппа намоиши чорвои хушзот ва парранда баргузор намуд. Дар ин рӯз зиёда аз 30 хоҷагии чорводории шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод ва Данғара имконияти муаррифӣ кардани намунаи зотҳои беҳтарини чорво, аз ҷумла, чорвои калон ва майдаи шохдор, асп, шутур ва шутурмурғро пайдо карданд. Ин дар ҳолест, ки Сарвари давлат мунтазам зимни мулоқоту суханрониҳояшон ба чорводорон дастур медиҳанд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад. Дар баробари ин бояд барои коркарди гӯшту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат тадбирҳо андешида шаванд.

Дар намоиш беҳтарин чорвои зотӣ, ки ба иқлими мамлакат мутобиқ ва имконияти хуби парвариши он дар ҷумҳурӣ мавҷуд мебошад, ба иштирокдорон, хосса чорводорон муаррифӣ шуд.  Чорвои шохдори калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ, бронсуис, голштейнӣ ва шведӣ, ки ҳар кадом аз  1 то 1,3 тонна вазн доштанд, хеле диққатҷалбкунанда буданд. Дар ин рӯз ду буққаи гаронвазне, ки аз ҷониби Хоҷагии чорвопарварии «Сим-Сим» муаррифӣ шуда буд, ба мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе ҳамчун  туҳфа тақдим гардид. Дар баробари инҳо ба зотҳои гӯсфанди овозадори ҳисорӣ, тоҷикӣ ва қароқулӣ ҳам таваҷҷуҳи хосса  зоҳир гардид.

Ба гуфтаи олимони соҳа, аз як сар қушқори зоти гӯсфанди ҳисорӣ то 160 ва аз меши он то 90 килограмм гӯшт гирифтан мумкин аст. Ба маълумоти чорводорон, соли равон бо мусоид омадани обу ҳаво аз сад сар меш то 90 сар барра гирифтаанд. Ҳамчунин дар ин намоиш зотҳои гуногуни асп низ муаррифӣ шуданд. Аз тарафи паррандапарварони ноҳияи Рӯдакӣ шутурмурғ ба маъраз гузошта шуд, ки хеле ҷолиб буд. Аз намоиш хулоса кардан мумкин аст, ки дар иқлими Тоҷикистон  имконияти парвариши буққаҳои вазнашон аз 1,5 тонна зиёд, гӯсфандҳои то 200 кг вазндошта ва аз модаговҳо гирифтани то 50 литр шир имкон дорад.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки чунин намоишҳо ба муаррифии зоти сермаҳсули намудҳои гуногуни чорво ва устувор сохтани ҳамкориву табодули таҷриба миёни чорводорон мусоидат менамояд. Зеро  чорводорӣ аз бахшҳои муҳим ва сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар сиёсати аграрии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлат мақоми шоиста дорад.

Хушзоткунии чорво афзоиш ёфтани саршумори чорво ва маҳсулотнокии он, пеш аз ҳама, ба солимии чорво вобастагӣ дорад. Масъулин инро ба назар гирифта, дар як қисмати намоиш хӯроки сеоғизои чорво, маҳсулоти доруворӣ ва дигар лавозимот барои нигоҳубини чорворо ташкил намуданд. Ба андешаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти ғизоӣ, ташкили ин гуна намоиш дар хушзоткунӣ, афзоиш додани саршумори он дар мамлакат ва инчунин сифатнок истеҳсол шудани маҳсулоти гӯштӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар фарҷоми намоиш як қатор хоҷагиҳои фаъоли чорводорӣ бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои ҶДММ «Сим-сим» қадрдонӣ шуданд.

Мавҷуда АНВАРӢ

АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад