ПОМИР — ДАР ҚАТОРИ 100 МАКОНИ БЕҲТАРИНИ ҶАҲОН БАРОИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ! Тоҷикистон боз ба рейтинги ҷаҳонии самтҳои устувори ҷаҳонӣ ворид шуд

Октябрь 4, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баландкӯҳи Помир («Боми ҷаҳон») ба рейтинги ҷаҳонии «100 green destinations» — «100 самти устувори ҷаҳонӣ» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, рейтинги мазкур 27 сентябр, дар Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар яке аз шаҳрҳои сайёҳии Португалия – Кашкайше интишор шуд.

«Ин чорабинӣ ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки дорои инфрасохтори сайёҳии пешрафта мебошанд, гузаронида мешавад. Соли равон рейтинги мазкур дар Португалия баргузор шуд, ки дар он 36 кишвар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 350 самти сайёҳиро муаррифӣ карданд. Аз ин теъдод танҳо 100 самт тибқи баҳогузории коршиносони байналмилалӣ ба рейтинги «100 самти устувори ҷаҳонӣ» ворид гардид», — зикр кард Ш. Амонзода.

Ба рейтинги мазкур, ба ғайр аз Тоҷикистон ҳамчунин минтақаҳои сайёҳии Аргентина, Канада, Чин, Германия, Мексика, Нигерия, Австрия, Италия, Танзания ва ғайраҳо шомил шуданд.

turizm3Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар таъкид намуд, ки Помир аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ бисёр баланд баҳогузорӣ гардид. Ин арзёбии коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳии ҷаҳонӣ ба тамоми Тоҷикистон мусоидат карда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақа шароити мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки интишори солонаи рейтинги «100 самти устувори ҷаҳонӣ» натиҷаи фаъолити муштараки созмонҳои байналмилалӣ, барномаҳо, коршиносон ва ВАО дар самти мусоидат ба сайёҳии экологӣ, ба монанди  «National Geographic Traveler», «Travel Mole», «Vision for Sustainable Tourism», «Totem Tourism» ва ғайраҳо мебошад.

Бояд зикр кард, ки баландкӯҳи Помири Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки пай дар ҳам ба рейтинги «100 беҳтарин» («Top 100») макони устувор ё сабз барои сайёҳии ҷаҳон шомил мешавад. Дар гузашта дар рейтинги мазкур якбора се макони зеботарини Тоҷикистон: кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг ҷой гирифтанд.

Бино ба маълумоти ташкилкунандагон, самтҳои сабз ва устувор аз рӯи нишонаҳои табиат ва манзара, муҳити атроф ва иқлим, фарҳанг ва анъана, одамон ва меҳмоннавозӣ, инчунин идоракунии устувори макони таъйинот интихоб карда мешаванд.

turist1

 

 

Октябрь 4, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ