Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух – Меҳргон
ДУШАНБЕ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида, худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад.
Таъкидҳои мунтазами Сарвари давлатро дар масъалаи ҳувияти миллию шинохти миллӣ ва дубора зинда намудани ҷашну маросимҳои мардумӣ ба инобат гирифта, доир ба ҷашни мардумии миллатамон- Меҳргон, ки дар ин рӯзҳои фасли тирамоҳ таҷлил мегардад, бо доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ суҳбат намудем.
АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки Меҳргон чӣ маъно дорад, чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо маншаъ мегирад?
М. Ҳазратқулов: Рӯзгори куҳани мардуми ориёӣ аз худ ба мо ду ҷашни бузурги миллиро ба мерос гузоштааст, ки онҳо ба ду баробарии сол –баҳорию тирамоҳӣ рост меоянд. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, Наврӯзу Меҳргон ду давраи калидии як соли комилро ташкил медиҳанд, ки бозтоби сохтории онҳо як давраи комили ҳаёти кайҳониро таҷассум мекунад. Тақсими сол ба ду қисми баробар, ки оғози яке ба ҷашни Наврӯзу оғози дигаре ба ҷашни Меҳргон марбут аст, аз қадимулайём дар достонҳои асотирию ҳамосаҳои дури таърихи ниёгони мо баръало ба чашм мехӯрад. Ин масъала дар оини меҳрпарастӣ ва дар Авесто, хусусан дар бахши «Меҳряшт» сабт гардидааст. Бостоншиносон низ дар ин росто корҳои ҷолиберо анҷом додаанд ва ҳайкалчаҳои гуногуни Меҳрро зимни ҳафриёт пайдо намудаанд. Меҳр ба маънои Хуршед барои табиат ва инсон ду неъмати азим – гармию равшаноӣ офарид, ки манбаи асосии зиндагии онҳо ба шумор мерафт. Партавафшонию таҷаллии нури Хуршедро инсон мазҳари офариниши олами моддӣ талаққӣ кард. Хуршедро ба падидаҳои олами моддӣ ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ марбут сохт, фурӯғи онро мазҳари ишқ ва пайванди муҳаббат арзёбӣ намуд ва дар тулӯъу ғуруби Офтоб мазмунҳои растохезу маргро дар тафаккури инсон ба вуҷуд овард.
Чунин дарки қабилияти инсон робитаи узвии Наврӯзу Меҳргонро дар худ инъикос менамуд. Зеро ниёгони мо ду давраи калидии мавсимҳои солро бевосита ба кори деҳқонон – эҳёи табиат ва шурӯи корҳои кишоварзиро ба фаро расидани Наврӯз ва маъракаи ҳосилғундорию хирманкӯбиро ба фаро расидани Меҳргон вобаста медонистанд. Дар ҳар ду ҳолат пири кишоварзони мо – Бобои деҳқон сарвару ҳомӣ ва падари рӯҳонии барзгарон ба шумор мерафт. Дар аввали сол Бобои деҳқон ба замин дона мепошид ва дар нимаи сол таҳти назорати ӯ корҳои ҳосилғундорӣ, бардошти фаровардаҳои зироат ва хирманкӯбӣ шурӯъ мешуданд.
Ҷанбаи кишоварзии ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон мавзӯи калидии ин ду ҷашни миллии солонаи ниёгони мо маҳсуб мешавад. Ҳамаи дигар ҷашнҳои фосилавии байни онҳо, аз ҷумла Тиргон, Дайгон, Шаби Ялдо ва Сада ҷашнҳои ҳошиявие мебошанд, ки тулӯъу ғуруби ин ду ҷашн, паси сар кардани фосилаҳои мавсим ва омодагию ҳушдор додан аз ҷашнҳои тозаи Наврӯзу Меҳргонро муждагонӣ медоданд.
АМИТ «Ховар»: Шумо гуфтед, ки дар Наврӯзу Меҳргон пири кишоварзони мо – Бобои деҳқон сарвару ҳомӣ ва падари рӯҳонии барзгарон ба шумор мерафт. Муҳаққиқони ватанию хориҷӣ Бобои деҳқонро чӣ гуна тасвир ва васф кардаанд?
М. Ҳазратқулов: Муҳаққиқони ватанию хориҷӣ зимни тадқиқотҳои худ дар бораи ҷашни Меҳргон нишонаҳои боризеро аз русуму одати он дар ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Марказӣ, кишвари Афғонистон, Хуросону Эрон (Машҳад, Шероз, Бирчанд, Гунобод) таъкид намудаанд. Онҳо ҳамчунин таъкид кардаанд, ки Бобои деҳқон дар гузаштаи дури таърихи ниёгони мо поягузори фарҳанги кишоварзӣ мебошад ва истифода аз юғу хиш (испор, плуг) ва барзагов дар суннати дерини ин фарҳанги кишоварзӣ ифодакунандаи гурӯҳи иҷтимоии кишоварзону чорводорон мебошад. Ба ин маънӣ, рамзи Бобои деҳқон тасаввури бостонии идомаи мустақим ва такрори даврии марҳилаҳои кишоварзӣ дар иртибот ба фаслҳои табиии сол мебошад.
Васфи Бобои деҳқон ва фаъолияти кишоварзону барзгарон дар эҷодиёти шифоҳии халқ дар Осиёи Миёнаву Эрону Афғонистон ба мушоҳида мерасад. Намунаҳои фолклори мавсими даравгарию хирманкӯбиро афғонҳо «таронаҳои лолоӣ» меноманд, ки намунаҳои гуногуни он дар байни мардуми мо низ вуҷуд доранд. «Таронаи лолоӣ» чунин садо медиҳад: «[Бобо] деҳқон ба ман гандум дод/ Гандумро додам осиёб/ Осиёб бар ман орд дод/ Ордро додам ба тағор/ Тағор бар ман хамир дод/ Хамирро додам ба танӯр/ Танӯр бар ман нон дод».
Тасвири мазкурро муҳаққиқони рус кашф карданд ва онро ба асрҳои 6-7 нисбат додаанд. Тибқи иттилои онҳо, дар девор марди нуронии ришдоре тасвир шудааст, ки бо рӯймоле пешониашро баста, ба рӯи суфа нишастааст. Дар пушти сараш хирмани ғалла намудор аст, ки чанд нафар аз деҳқонон ғалларо ба халтаҳо ҷой дода, ба анбор медароранд. Як нафар ҳисобчӣ миқдори онҳоро дар дафтараш сабт мекунад. Поинтари ин расм гурӯҳи мардон, ки аз намуди зоҳириашон ба барзгарон шабоҳат доранд, аз самараи ҳосили зироати бадастовардаашон болида, бо хушнудӣ зери садои асбобҳои мусиқии хунёгарон ба рақсу бозӣ даромадаанд.
АМИТ «Ховар»: Ин марди нуронии ришдор дар тасвири ёдшуда кӣ буд?
М. Ҳазратқулов: Агар ба муҳтавои тасвири мазкур нек назар кунем, мо, бидуни тардид, асолату моҳияти ҷашни Меҳргонро дар таърихи гузаштаи ниёгонамон ба хубӣ тасаввур карда метавонем. Марди нуронии ришдор дар он тасвир ҳамон пири корҳои кишоварзӣ Бобои деҳқон мебошад. Хирмани ҷамъоваришудаи ғалла дар суфраи бузурги Бобои деҳқон ҷой дода шудааст, ки баракати хирманро меафзояд ва онро муқаддас нигоҳ медорад. Мувофиқи русуму одоби кишоварзӣ, хирман бояд пок нигоҳдорӣ шавад. Дар хирмангоҳ бо сару садои баланд ҳарф задану суҳбат кардан, ғазаболуд шудан, якдигарро таҳқир кардан, нигоҳ доштани саг ва дигар ҳайвоноти наҷас қатъиян муҷоз набудааст.
АМИТ «Ховар»: Баъди ҷамъоварии хирман чӣ корҳо анҷом дода мешуд?
М. Ҳазратқулов: Баъди ҷамъоварии хирман ҳамаи назру ниёзҳо анҷом дода мешуданд. Дар мартабаи аввал ба эҳтиёҷмандону фақирон ҳисса ҷудо мекарданд. Сар задани гӯсфанд ва пухтани хӯроки дастаҷамъӣ низ дар хирмангоҳ маъмул буд. Дар баъзе мавридҳо сипанд дуд мекарданд ва ба ҳосили рӯёнда дуои шукрона мехонданд. Дарвоқеъ, дар Дарвозу Язгулом ва Вахону Ишкошим аз замонҳои қадим Наврӯзро шогун ва Бобои деҳқонро шогунӣ (шагунӣ) ба маънои шахси хушқадаму муборак ва фархунда ном мебурданд.
АМИТ «Ховар»: Чуноне ки дида мешавад, нишонаҳои ҷашни Меҳргон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии аҷдоди гузаштаи мо ба чашм мерасанд, яъне мо ҳуқуқи комили маънавӣ дорем, ки онро баробари Наврӯзи хуҷастапай чун суннати дерини фарҳанги кишоварзии ориёӣ ҳар сол ҷашн бигирем.
М. Ҳазратқулов: Бале, Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мекарданд. Мо ҳуқуқи комили маънавӣ дорем, ки ҷашни Меҳргонро баробари Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун натиҷаи фаъолияти киштукори баҳории кишоварзон ва бардошти ҳосил аз Модар-Замин ба унвони намод ё рамз аз суннати дерини фарҳанги кишоварзии ориёӣ ҳар сол ҷашн бигирем.
АМИТ «Ховар»: Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Фаридун мансуб медонад…
М. Ҳазратқулов: Ҳаким Фирдавсӣ дар достони безаволи худ «Шоҳнома» ҷашни Меҳргонро ба аввалин шаҳриёри ҳамосаӣ – Фаридун нисбат медиҳад. Муаллифи «Таърихи Табарӣ» низ пирӯзии Фаридун бар Заҳҳоки моронро, ки дар моҳи меҳру рӯзи меҳр ба вуқӯъ пайваста буд, оғози ҷашни Меҳргон талаққӣ намудааст.
Агар шикастани банди ҷодуи Заҳҳоқ тавассути Фаридуни тилисмшиканро дар он арсаи замонӣ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор диҳем, ба назар чунин мерасад, ки аз як тараф, паҳлавонию пирӯзмандӣ ва иқтидори шукӯҳи шоҳии ин шаҳриёри пешдодӣ дар пеши назари мо ҷилвагар мегардад, аз тарафи дигар, ҷашни Меҳргон ҳамчун иди шукӯҳмандии кишоварзон, ҷамъоварии самараи меҳнати барзгарон ва бардошти фаровардаҳои зироати хӯшаӣ арзёбӣ хоҳад шуд. Зеро маҳз Фаридуни пешдодӣ баъди ғалаба бо душмани худ – Заҳҳоқ, ки ӯ дар таърихи шаҳриёрии пешини мо ҳамчун рамзи зулму залолат, бедодгариву парешонӣ тасвир шудааст, кишти зироати хӯшадор ва бардошти самараи онро ёд дод ва ин иқдоми ӯро муҳаққиқон пирӯзии инсон бар табиат, оғози коркарди замин ва ба таври хулоса рушду инкишофи маданияти моддӣ қаламдод намудаанд.
Меҳргон ҷанбаҳои (кайҳонӣ), таърихӣ, оинӣ, кишорварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ҷиҳатҳои нуҷумии он ба ҷараёни офариниши олам ва дигар омӯзаҳои ҷаҳоншиносӣ марбутанд. Ҷиҳати таърихии он як силсила ҳодисаҳои муборизаи некӣ бо бадӣ, нур бо зулмат ва барқарор намудани адлу ростӣ дар кишвари паҳновари Эронзаминро дар бар мегирад, ки он шомили нуктаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ низ мебошад. Ҷанбаи оинии он вобаста ба пайдоиши дини меҳрпарастии ниёгони ориёии мо аст. Оини мазкур дар асри 18 пеш аз мелод дар ҳаволии рӯдхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ва канораҳои соҳили он ба вуҷуд омада, то аҳди Хаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард. Бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх, он дар сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри 4 мелодӣ дар Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд. Танҳо император Константин барои интишори дини масеҳӣ тавонист, ки пеши роҳи нуфузи баъдинаи митраизм дар Ғарбро бигирад.
АМИТ «Ховар»: Донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3- ҳазорсола хондаанд ва онро шонздаҳумин рӯзи моҳи Меҳр ба қалам додаанд. Мувофиқи тақвими мелодӣ таҷлили он ба кадом рӯз рост меояд?
М. Ҳазратқулов: Абурайҳони Берунӣ дар «Осол-ул-боқия» ҷашни Меҳргонро шонздаҳумин рӯзи моҳи Меҳр ба қалам додаст. Вале чун ҳоло панҷ моҳи аввали сол дар тақвими кунунии Эрон 31 рӯзӣ эълон шудааст, ҷашни Меҳргон мувофиқи он 10-уми меҳрмоҳ- 2 октябр баргузор мегардад, таодули тирамоҳӣ бошад, ба 22 сентябр рост меояд. Ӯ ба мисли Наврӯз ҷашни Меҳргонро ба Меҳргони омма (хурд) ва Меҳргони хосса (бузург) ҷудо намуда, Меҳргони бузургро Рамрӯз номидааст. Таҷлили ҷашни Меҳргон, ба фикри ман дар қаламрави Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон ба 10 Меҳрмоҳ, яъне ба 2 октябр рост меояд.
Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ менависад: «Мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум, монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд ва барои ҳар табақае панҷ рӯз ид донистанд». Маҳмуди Гардезӣ низ тақрибан чунин иттилоотро дар «Зайн-ул-ахбор» ироа намуда, пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро рӯзи Меҳргон медонад. Хулфи Табрезӣ ба ҷашни шашрӯзаи Меҳргон ишора намуда, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Ҳамчунон ки Наврӯз омма ва хосса мебошад, Меҳргонро низ омма ва хосса аст ва то шаш рӯз таъзими ин ҷашн кунанд. Ибтидо аз рӯзи шонздаҳум ва онро Меҳргони омма хонанд ва интиҳо рӯзи бисту якум ва онро Меҳргони хосса донанд».
Дар «Дар ҷашнҳои Эрони бостон» низ гуфта шуда, ки ҷашни Меҳргон дар шонздаҳуми моҳи Меҳр баргузор шуда, охирин рӯзи онро Меҳргони бузург мехонанд, ки дар ин рӯзи фархунда Анушервон писари Бобак тоҷ бар сар ниҳод… Аввалин касе, ки дар ин рӯз ба пешгоҳи подшоҳ ворид меояд, мубади мубадон аст бо табақе, ки дар он туранҷ, пораи шакару канор ва беҳу (биҳиву) анору себ ва хушаи ангури сафед ва ҳафт даста райҳон қарор дорад. Ва он рӯз даф менавозанд ва ҳамаи мардум бино ба табақаи хеш, ба ҳузури подшоҳ ворид мешаванд, ҳамчунон ки дар Наврӯз.
АМИТ «Ховар»: Маълум мегардад, ки дар аҳди Ҳахоманшиниён ва Ашкониён, хусусан дар давраи Сомониён ҷашни Меҳргонро бо шукӯҳу салобати хосса ва шодиву сурур, ба мисли Наврӯз баргузор менамуданд.
М. Ҳазратқулов: Дуруст аст. Дар аҳди Ҳахоманшиниён ва Ашкониён, ки худро ворисони асосии шаҳриёни эронӣ баъди ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ва давраи ҳеллинизм медонистанд, хусусан дар давраи Сомониён ҷашни Меҳргонро бо шукӯҳу салобати хосса ва шодиву сурур, ба мисли Наврӯз баргузор менамуданд. Дар он рӯз ҳатто нӯшидани май барои шаҳриёрон муҷоз буд:
Ба хӯи одати обо ба ҷамъи зоирон «зар» деҳ,
Ба расму сирати аҷдод, ҷашни Меҳргон «май хӯр».
(Масъуди Саъди Салмон).
Ин расм дар тамоми минтақаи Осиё дар аҳди қадим ривоҷ дошт ва иштироккунандагони ҷашн баъди сарфи таъом ба рақсу пойкӯбӣ медаромаданд, шоирон ашъори худро дар бораи ҷашни Меҳргон, ҷамъоварии зироати кишоварзӣ, зафари мардуми деҳқон дар рӯёндани ҳосил ва васфи шоҳону шаҳриён мехонданд, ромишгарон суруду таронаҳои меҳргонӣ дар навои «Меҳргони бузург», «Савристон», «Марвои нек», «Ғунчаи кабки дарӣ» ва дигар лаҳнҳо мехонданд.
Аз давраҳои Сомониён дар бораи ҷашни Меҳргон иттилооти бештар боқӣ мондааст, аз ҷумла дар бораи маросими табрики шоҳ ба муносибати ҷашни Меҳргон, масоили тадорукотии ҷашн, қабули ҳадяҳо аз минтақаҳои гуногуни қаламрави ҳукумат, суфраи хоси ҷашнӣ ва навъҳои гуногуни меваҷоти фасл дар он, анвои гуногуни шарбату ширинӣ ва ғайра маълумот дода шудааст. Ҳамчунин қайд гардида, ки чун мазҳари оини меҳрпарастӣ Хуршед аст, шоҳон аксаран маросими тоҷгузории худро дар ҳамин рӯз анҷом медоданд.
АМИТ «Ховар»: Кай монеаҳо барои таҷдиди ҷашнҳои миллии халқҳои эронинажод, ба мисли Наврӯзу Меҳргон ба вуҷуд омаданд?
М. Ҳазратқулов: Баъди истилои араб масоилу монеаҳое барои таҷдиди ҷашнҳои миллии халқҳои эронинажод, ба мисли Наврӯзу Меҳргон ба вуҷуд омаданд. Танҳо дар давраи Аббосиён авзоъ каме дигаргун шуд ва чун дар ҷашни Меҳргон ба хулафо ҳадяҳо фиристода мешуд, онҳо баргузории ин ҷашнро озод гузоштанд. Тадриҷан ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар қаламрави хилофат аз давраҳои халифа Муътамад сар карда, ҷашн гирифта мешуданд. Дар аҳди Сомониёну Ғазнавиён таҷлили ҷашнҳо ривоҷ ёфт ва шоирони араб ҳатто ба навиштани шеъру тарона ба забони арабӣ пардохтанд. Таҷлили ҷашнҳои миллии эронӣ тавассути амирону подшоҳони араб ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфт. Дар фарҳанги араб дар ин росто таҳаввуле ба вуҷуд омад ва омезиши тамаддуни сомӣ бо фарҳанги асили эронӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар солҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ Меҳргон ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта намешуд. Бо баракати истиқлол дар солҳои аввали он дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳои пурарзише тавассути олимону қаламкашони ҷумҳурӣ роҷеъ ба ҷашни Меҳргон навишта шуданд.
Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иди фархундаи Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд ва он ҳамчун иди миллии мардуми эронитабор соли дуюм аст, ки бо суруру нишот ҷашн гирифта мешавад. Агар олимони мусиқишинос сурудҳои меҳргониро, ки аз замони Борбади Марвазӣ то ба имрӯз чун савту наво, лаҳнҳо ва сурудҳои меҳргонӣ ба риштаи суруду оҳангҳои мусиқӣ кашида шудаанд, таҳқиқ намоянд ва дар арафаи ҷашни Меҳргон онҳоро пешкаш намоянд, ба ин ҷашни аҷдодӣ шукӯҳи тоза зам менамояд. Ҳамзамон нашри мақола ва тадқиқот дар бораи манбаъҳои оинии Меҳргон, таърихи ин ҷашн ва устураву ривоятҳои марбут ба он, хусусиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ, асосҳои нуҷумию космологӣ, омӯзаҳои ҷаҳоншиносӣ ва таъсири он ба афкори маънавӣ дар арафаи ҷашни Меҳргон ба манфиат хоҳад буд. Чунки ба ин васила мо метавонем ҷойгоҳи пешинаи Меҳргонро барқарор созем ва онро шомили ҷашнҳои миллию давлатӣ намоем.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»