Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи корҳои бунёдкорӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ва гулгашти нави пойтахт шинос гардид

Октябрь 31, 2017 10:27

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шинос шудан бо корҳои бунёдкорию навсозӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон»  ва гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт аз ин мавзеъҳо дидан намуд.

Раиси шаҳр нахуст бо лоиҳаи навсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон», воқеъ дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе шинос гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, лоиҳаи навсозии боғи мазкур  аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ»-и САНИИОСП тарҳрезӣ гардида, фармоишгари он  Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. «Боғи кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва нишастгоҳу нишасткурсиҳои сершумор бунёд мешаванд. Ҳамчунин дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи автомобилӣ, майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳо барои бозии шоҳмот сохта  шуда, дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу лавозимоти бозиҳои кӯдакона насб  мегарданд.  Дар гӯшаи дигари боғ бо истифода аз буттаҳои ороишӣ бунёди лабиринт дар назар дошта шудааст.

Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи боғ ба  масъулин  дастур дод, ки ҷиҳати ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани гулу бутта ва сабзазору дарахтон ба насби низоми муосиру мукаммали обёрӣ ва чароғонсозии боғ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Зеро қаблан мавҷуд набудани низоми обёрӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ба нашъу намои сабзазор ва гулу буттаҳо мушкилӣ эҷод мекард.

Рустами Эмомалӣ  ба масъулин дастур дод, ки зимни иҷрои корҳои ободониву сабзазоркунии боғ ба истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сатҳу сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамчунин  бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, ки даромадгоҳи он аз маркази боғ мегузарад, аз таъмир бароварда шавад.

Сипас, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо корҳои ободониву созандагии лоиҳаи гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт шинос гардид.

Лоиҳаи ин гулгашт аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Саноатсоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва ободониву сабзазоркунӣ аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ карда мешаванд.

Тибқи лоиҳа гулгашти мазкур дар масоҳати 3,2 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он сохтмони роҳраву чаманзор ва фаввораҳо дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин  роҳҳои атрофи гулгашт навсозӣ гардида, дар ҳудуди он дарахтони ороишӣ шинонида мешаванд. Дар ин мавзеъ алҳол  корҳои сатҳу ҳамвор кардани замин идома доранд.

Рустами Эмомалӣ  зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур баҳри такмили он   ба лоиҳакашон тавсия дод, ки дар  гулгашт низоми мукаммали равшанидиҳандаи муосир бо истифода аз намудҳои гуногуни дастгоҳу таҷҳизоти равшанидиҳӣ истифода гардад. Ҳамчунин ба масъулин маслиҳат дода шуд, ки воситаҳои обёрикунандаи боғ ба таври мувофиқ насб карда шаванд, то ба сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт дар гулгашт монеъ нагарданд.

Раиси шаҳр ҳамчунин таъкид дошт, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии ин ва дигар иншооти шаҳр бояд бо талаботи меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ роҳандозӣ гардида, баҳри таъмини шароити шоистаи зиндагонии сокинони пойтахт ба роҳ монда шаванд.

Image1Image10 Image17(1)

 

 

Октябрь 31, 2017 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид