DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад

Июль 8, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аз 18 то 20 сентябри соли 2025 дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)» доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед хабар дод.

Дар DITE-2025, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» бо ҷалби шарикони рушд гузаронида мешавад, иштироки зиёда аз 200 субъекти хизматрасонии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа ва ташрифи зиёда аз 400 меҳмон аз давлатҳои дуру назик пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани DITE-2025 7 июли соли 2025 қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» («Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE-2025) ба имзо расида, Нақшаи чорабиниҳо ва Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории чорабинӣ тасдиқ карда шуд.

Мақсад аз баргузории «Dushanbe International Tourism Exhibition» рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишвар,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, тадбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар он субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок намуда, байни онҳо мулоқотҳо дар шакли B2B ва ба имзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар рафти баргузории чорабинӣ машғулиятҳои омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир карда мешавад.

Ҳамоҳангсози баргузории чорабинии DITE-2025 шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муқаррар гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки нахустин  «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» («Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE) бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25-27 сентябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тадорукотӣ баргузор карда шуд.


Дар DITE-2024 субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ намуданд.

Дар маҷмӯъ дар намоишгоҳи мазкур 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳрҳои давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок намуда, дар доираи он вохӯриҳо дар шакли B2B (соҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ миёни иштирокчиён ба имзо расид, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳо заминаи созгорро фароҳам овард.

Ташкил ва баргузории чунин нашмоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим ба кишвар, инчунин беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ буда, ба васеъ гаштани ҳамкорӣ байни  шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ аз кишварҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 8, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд