СУЛҲ ДАР ГУЛ-ГУЛ ШУКУФТАНҲОИ ҶОНОН КИШВАР АСТ. 25 октябр- Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ

Октябрь 25, 2017 15:40

ДУШАНБЕ,  25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 25 октябр чун Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ ҷашн гирифта мешавад.

      Бо қарори Федератсияи байналмилалии демократии занон шурӯъ аз соли 1980 ин сана ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Федератсияи номбурда соли 1945 дар конгресси байналхалқии занон, ки дар Париж баргузор шуда буд, таъсис ёфтааст. Созмони мазкур тамоми занони дунёро новобаста аз нажод, маҳал, дин дар мубориза ба хотири сулҳ муттаҳид месозад. Ҳадафи ин ҷашн аз ҳифзу нигоҳдошти сулҳ дар тамоми ҷаҳон иборат мебошад.  

Воқеан, зан- модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва бахшандаи арзишҳои олии инсонӣ, тарбиятгари фарзандони фарзона, далеру шуҷоъ дар тамоми таърихи миллатҳои ҷаҳонӣ соҳибэҳтиром ва файзрасон шинохта мешавад. Модарони тоҷик дар қатори занҳои тамоми дунё ҳамеша хоҳони сулҳу дӯстӣ ва осоиштагиянд.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сабоҳат Маҳмадалиева, мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт,  ҳоло дар назди Кумита Шӯрои занони сулҳовар фаъолият мекунад. Мақсад аз таъсиси он ташкил намудани суҳбату мулоқотҳои судманд бо собиқадорону фаъолзаноне мебошад, ки барои пойдории сулҳу амонӣ дар ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Аъзои ин Шӯро ҳамзамон бо бонувоне, ки дар минтақаҳои дурдасти кишвар умр ба сар мебаранд, вохӯриҳои судманд анҷом дода, доир ба сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ суҳбат мекунанд.

«Аз ҷониби Шӯрои занони сулҳовар гурӯҳҳои корӣ ташкил шудаанд, ки дар тамоми мактабҳои миёна ва олии кишвар вохӯрию машварат гузаронида, ҷавононро барои расидан ба қадри сулҳу амонӣ дар кишвар даъват менамоянд»,-баён дошт Сабоҳат Маҳмадалиева.

Воқеан, занону модарони тоҷик ба қадри сулҳу осоиштагӣ мерасанд, зеро даҳшати ҷангро аз сар гузаронида,  шоҳиди азоби зиёд дидани мардуми тоҷик, хароб гардидани кишвар ва паст фаромадани сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардида буданд. Модарон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ ва зиндагии хуши фарзандонашон ҳастанд. Ба қавли шоир:

            Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,  

            Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.  

           Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,  

            Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Зарангези ЛАТИФ

Октябрь 25, 2017 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст