ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 октябр, сешанбе, 283-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 82 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
10 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ ёфт, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд.
***
5 сол қабл, 10 октябри соли 2012 дар Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини доир гашт.
10 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»
***
Рӯзи ҷаҳонии паст намудани сатҳи офатҳои табиӣ.
***
Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.
РӮЙДОДҲО:
10 октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.
***
10 октябри соли 1964 дар Токио Бозиҳои XVIII олимпӣ оғоз ёфта буданд.
***
20 сол муқаддам, 10 октябри соли 1997 дар Билбаои Испания яке аз калонтарин намоишгоҳи рассомӣ бо дарозии 137 м ва паҳноии 30 м кушода шуда буд.
***
10 октябри соли 1960 аз таъсири тӯфони шадид дар якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон дар халиҷи Бенгал тақрибан 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
22 сол пеш, 10 октябри соли 1995 чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони чемпионии худро дар бозӣ бо шоҳмотбози ҳинд Виши Анандом ҳифз намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1933 дар ИМА бори нахуст дар ҷаҳон хокаи ҷомашӯӣ ба фурӯш гузошта шуд.
***
Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ба кор оғоз намуд.