ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 23 октябр, душанбе, 296-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 69 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 23, 2017 08:09

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

23 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Хелсинки – пойтахти Финландия шуданд.

***

Дар ин рӯз, 23 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуда буданд.

***

23 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар Хонаи кино (собиқ кинотеатри  ба номи Зебуниссо) ҳафтаи филмҳои Россия баргузор гардид.

 23 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии китобхонаҳои мактабӣ.

***

Рӯзи кормандони реклама дар Россия.

РӮЙДОДҲО:

 4 сол қабл, 23 октябри соли 2013 дар кинотеатри «Ҷомӣ» ҳафтаи филмҳои полшагӣ кушода шуд.

***

71 сол муқаддам, 23 октябри соли 1946 иҷлосияи нахустини СММ оғоз ёфта буд.

***

Дар ин рӯз, 23 октябри соли 2000 бостоншиносони Чин осорхонаи мусиқиеро пайдо намуданд, ки 2 ҳазор сол пеш дар замони сулолаи Хон сохта шуда буд.

***

23 октябри соли 2011 рӯзи эълон кардани пирӯзии Либия бар режими Муҳаммад Қаззофӣ.

***

23 октябри соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2000 олимони донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.

***

Соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуда буд.

Октябрь 23, 2017 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш