ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 октябр, сешанбе, 297-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 68 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 24, 2017 08:18

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

24 октябри соли 2016 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 24 октябри соли 2012 дар шаҳри Ҳелсинки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуданд.

***

4 сол қабл, 24 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуданд.

24 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид.

***

Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.

***

Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

РӮЙДОДҲО:

24 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Финландия Ээро Ҳейнялуома мулоқот намуда буданд.

***

72 сол муқаддам, 24 октябри соли 1945  Оинномаи Созмони милали муттаҳид  ба ҳукми иҷро даромад.

***

24 октябри соли 2005 дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард. 

***

Дар ин рӯзи соли 1857 хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол  таъсис доданд.

***

21 сол қабл, 24 октябри соли 1996 дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1986 дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

***

Соли 2000 дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.  

 

Октябрь 24, 2017 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш