ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ,04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.
Ошкор шудани куштори солҳои пеш содиршуда
2 октябри соли равон аз ҷониби кормандони милитсия, марди 42-солаи сокини деҳаи Гулрези шаҳри Ваҳдат, ки қаблан суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи августи соли 1998 дар деҳаи Кофарниҳони шаҳри Ваҳдат бо марди 31-сола, сокини ноҳияи Нуробод ҷанҷол карда, бо силоҳи оташфишони тамғаи «АКС»-и дар дасташ буда охиринро ба ҳалокат расонидааст.
Домод хонаи падарарӯсашро оташ зад
Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат марди 56-солаи сокини деҳаи Адолати ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 30 сентябри соли 2017, домодаш, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ба манзили истиқоматиаш омада, ба воситаи бензин хонаи истиқоматиашро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби кормандони милитсия марди номбуда бо гумони қасдан нобуд кардани амвол дастгир карда шуд.
Ғайриқонунӣ додани замин
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик муроҷиат намуд, ки 22 августи соли 2017, марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад мошини тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки арзишаш 50000 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, бар ивазаш аз заминҳои деҳаи Уртабузи ноҳияи мазкур дар масоҳати 0,12-га бе ягон ҳуҷҷати расмӣ ба ӯ ғайриқонунӣ замин додааст.
Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.
Ошкор гардидани куштори ноболиғ
30 сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар марди 31-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд.
Номбурдагон 21 декабри соли 2007, тахминан соати 12:00 бо мақсади дуздӣ вориди манзили истиқоматии марди 56-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Конибодом шуда, аз сабаби бохабар шудани духтари соҳибхона ноболиғ, (соли таваллудаш 1993), он вақт хонандаи синфи 8-уми мактаби миёна, ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, сипас бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд.
Баъдан номбурдагон барои пинҳон намудани кирдорҳои ҷинояткоронаашон ҷасади духтараки ноболиғро ба ҳуҷраи хонаи истиқоматиашон дароварда, бо бензин оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






