Абдуфаттоҳ Шарифзода: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд»

Ноябрь 14, 2017 13:10

ДУШАНБЕ, 14.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд», — навиштааст Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдуфаттоҳ  ШАРИФЗОДА дар мақолаи худ, ки дар маҷмӯаи тозанашри Академияи илмҳои Тоҷикистон «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот»  чоп шудааст. Дар зер матни пурраи ин мақоларо пешкаши хонандагон мегардонем.

 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами  ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Бояд зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ таъйин намудани самти  ҷараёни инкишофи  ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди  ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Дар шароити фалач гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ «Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд: «муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд». Дар замони бӯҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қа­­­­тор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол на­мудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии)  Ҷум­ҳурии Тоҷикистон; Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гурезагон», Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯ­зи сулҳ ва ризояти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кар­дани 26 ноябри соли 1992», Қонунҳои  Ҷумҳурии То­ҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Ни­шони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯ­рои Вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил на­мудани вилояти Хатлон дар ҳайати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд. Ҳамаи қарору қонунҳое, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун иқдомоти пай­дарпайи роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ, ки дар Иҷлосия ин­тихоб гардид, имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шавад.

Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. Дар лоиҳаи қа­рор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пеш­бинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба ӯҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба ӯҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пеш­ниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таш­кил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷ­икистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи  Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба  ҷои Девони Ва­зирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ до­нис­та шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Қонуни Асосии)  Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қа­бул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ма­қомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шу­мор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Бар­ҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯ­рои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Эмомалӣ Раҳмон (Э.Ш. Раҳ­монов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва во­ситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи  ҷа­ҳонӣ ҳисобида буд.

Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Парлумони ҷумҳурӣ ба Шӯрои Олии Федератсияи Россия,  ҷумҳуриҳои Қазоқистон,  Ӯзбекистон ва  Қирғизистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба Тоҷи­кистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фирис­танд.

Бо мақсади хотима додан ба  ҷанги дохилӣ, пеш­гирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию  ҷам­ъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳам­дигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минта­қаҳои мухолифати мусаллаҳона  ҷиноят ё амалҳои ғайри­қо­нунӣ содир кардаанд, ба  ҷавобгарии  ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъ­мурӣ кашида нашаванд.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули қонун дар бораи гуре­загон, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имти­ёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сох­танд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани  ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалин­дараҷаи худ медонад.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи  ҷан­ги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалачгардидаи ҳоки­мият, хусусан мақомоти ҳифзи тартиботи  ҷамъиятиро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститут­сиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Ҳанӯз дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар и ҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани Артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба  ҷомеаи  ҷаҳонӣ. Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлата­монро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, куми­таи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳ­кам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда на­ме­тавонад, аслан арзише надорад.

Бо назардошти ин зарурати таърихӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба халъи силоҳ дар миёни гу­рӯҳ­ҳои силоҳбадаст, мустаҳкам кардани Вазорати корҳои до­хи­лӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои ҷумҳурӣ, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як қатор қарорҳо қабул карда, онҳоро ба ҳаёт татбиқ намуд.

Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақо­моти Куми­таи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав соз­­мон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шу­данд. Садҳо  ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафар­бар гардиданд. Ба касодии иқтисодӣ нигоҳ накарда, роҳба­рияти мамлакат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои  ҷанубии худ чораҳои мушаххас андешид.

Муҳимтарин дастоварди таърихии Давлати Тоҷикистон, ки аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки вай тавонист дар кӯтоҳтарин муддат оташи  ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш созад. Дар кори хоти­ма бахшидан ба ҷанги дохилӣ ҷанговарони  Ҷабҳаи халқӣ, ходимони милиса, Кумитаи амнияти миллӣ хизматҳои шо­ён карданд. Дар ноҳияҳои бар асари  ҷанг тамоман харобшуда, ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идора­кунӣ ва таъмин­кунандаи ниёзи мардум таъсис ёфт ва фаъо­лия­ташро дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ оғоз намуд. Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо назардошти беҳ­будӣ бахшидан ба зиндагии аҳли  ҷомеа як силсила қарору фар­монҳо қабул кард. Авфи умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили  ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯро­кворӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани маош, мустаҳ­кам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хо­риҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз  ҷумлаи масъа­лаҳое бу­данд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳал­лӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, бар­қарор карда шуданд.

Ба роҳбарияти давлату ҳукумат муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро нисбатан беҳтар  ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии  ҷумҳури­ро ба низом оварад. Халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор гардидааст вақодир аст амнияти  ҷомеаро таъмин намояд.

Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати  ҷавон лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, мӯътадил гардони­дани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ, бетаъхир таъсис додани артиши миллиро тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Му­сал­лаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар  ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техни­кии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландих­тисоси фармон­деҳӣ гузошта шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иқтисодӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ масъалаи бо техникаи  ҷангӣ, аслиҳа ва ловозимоти зарурии ҳарбӣ таъмин намудани арти­ши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳҳал намуд.

Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар давраи ваколаташ қонунҳои зиёде қабул кард, ки аксари онҳо ба таҷдиди назар ва такмили  ҷиддӣ эҳтиёҷ доштанд. Зарур буд, ки, пеш аз ҳама, қонунҳои конститутсионӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Мувофиқи Қонун «Дар бораи исло­ҳо­ти конституционӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва тат­биқи амали Конститутсияи  Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» дар ин самт кори такмили қонунгузорӣ ва таҳияи қонунҳои нави во­бас­та ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар мавқеи аввал меистод.

Санадҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, қо­нун­ҳо дар бораи силоҳ, дар бораи мубориза бо  ҷиноят­кории муташаккилона дар навбати аввал та­ҳия ва қабул карда шуданд.

Барои пурра ба эътидол овардани вазъият роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идо­ра, системаи судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қо­нун­ро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.

Қонунҳои конституционӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои  Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба ма ҷлисҳои маҳаллии халқ», «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал­лҳо», «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳ­рак ва деҳа» аз  ҷо­ни­би мақоми олии қонунгузор баррасӣ ва қабул шуданд. Дар ҷумҳурӣ асоси ҳуқуқии таъсиси ҳам мақоми намоян­дагӣ – Маҷлиси Олӣ ба сифати ягона мақо­ми қонунгузор ва ҳам мақомоти маҳаллӣ ба вуҷуд омад.

Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми  ҷудона­шавандаи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқад­дас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк на­­муда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқи­ят­ҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мам­­лакатро қабул на­муд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти  Ҷум­ҳурии Тоҷикистон интихоби вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони  ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳидоят менамуд.

Иҷлосияи XVI (даъ­­вати дувоздаҳум) ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷи­кис­тони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Дар Иҷлосия 74 номгӯй қарору қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқи баррасӣ ва қабул шуданд, ки рушди минбаъдаи ҷумҳуриро муайян намуданд.

Соли 1999 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бартарии Парламенти касбӣ, ки он имконияти беҳбудии қонунҳои қабулшаванда ва пурра ифода шудани манфиати ҳудудҳои алоҳида ва гурӯҳҳои и ҷтимоиро медод, сохтори Парламенти думаҷлиса муайян гардид, дар Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ма ҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қонунгузор қонунҳое таҳия месозад, ки онҳо бояд аз тарафи Ҳукумат татбиқи амалии худро ёбанд. Парламент дар таъйин кардани шахсони мансабдори мамлакат иштирок мекунад. Ин салоҳият мувозинаест, ки тавозуни ҳокимиятро таъмин менамояд. Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳақиқатан қонунгузор ва намояндагӣ, ифодагари манфи­атҳои ҳамаи табақаҳои  ҷамъият зуҳур намуд.

Хушбахтона, парламенти касбӣ аз имтиҳони  ҷиддӣ гузашт. Гувоҳи ин гуфта қабул кардани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиву меъёрии муҳиме мебошанд, ки аз  ҷониби намояндагони мардумӣ мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд. Парламенти имрӯзаи Тоҷикистон намунаи демократизми муосир аст, ки дар он намоян­дагони ҳизбҳои сиёсии гуногун, фраксия ва гурӯҳҳои ваки­лон амал мекунанд. Фаъолияти Маҷлиси Олӣ собит намуд, ки чунин сохтори ҳокимияти қонунгузор  ҷавоб­гӯйи манфиатҳои  ҷомеа ва кишвар буда, барои сари вақт қабул кардани қонунҳо ва бо тақозои пешрафти ҳаёти кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ ба қонунҳои мавҷуда имкониятҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар тавонист такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқии пешрафти  ҷомеаро таъмин намояд. Қонунҳои қабулшуда масъалаҳои муҳимтарини  ҷо­меа­ро ба танзим дароварда, ба густариши ботадриҷ Тоҷикистонро сӯи  ҷомеаи мутамаддини муосир ҳидоятнамуданд.

Барои расидан ба ин сатҳи инкишофи  ҷомеа пеш аз ҳама зарурати мустаҳкам намудани давлат ва танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти он ҳамчун созмондиҳандагони ҳаёти  ҷомеа зарур аст. Бо назардошти ин нукта, қонуни Конс­титутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки он асоси дигаргуниҳои сохтории ҳокимияти иҷроия гардид.

Қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳоки­ми­яти давлатӣ дар ин самт марҳалаи муҳимтарин гардид. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, системаи судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд. Бо мақсади кафолати татбиқи меъёрҳои конституционӣ Суди конституционӣ таъсис дода шуд, ки он мувофиқ будан ё набудани санадҳои меъёриву ҳуқуқиро бо Конститутсия муайян мекунад ва дар фаъолияташ аз ягон мақоми дигар вобаста нест.

Конститутсия сохтори давлатии Тоҷикистонро ба сифати давлати ягона муайян намудааст. Дар он тартиби нави муносибати байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шуд. Мустақилияти маҳал таъмин ва роҳбарии марказиятнок амалӣ гардид, зеро ҳокимияте, ки аз нигоҳи маъмурӣ ё сиёсӣ худ  ҷиддан танзим наёфта бошад, ба фаъолият қодир нест. Бо назардошти шароити рӯз мас­ъу­ли­яти ҳокимияти маҳаллӣ дар назди марказ пешбинӣ шудааст.Бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ тадбири зерин низ андешида шуд: мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прокуратура, милиса, гумрук ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахӯрӣ ба обруву эътибори ҳокимият иснод меоварданд, тоза карда шуд.

Фаъолияти вазоратҳои умури дохила, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи Конститутсия аз нав сохта, ба ин соҳа кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд, сохторҳои қудратқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори муҳофизат намудани тамомияти арзии мамлакат, решакан намудани  ҷинояткорқ ва хусусан  ҷинояткории муташаккилона бештар фаъолият менамоянд.

Вазъияти шадиди Афғонистон, алалхусус қочоқи маводи му­хад­дир ва силоҳ, инчунин воқеаҳои дигари ногувори сар­ҳад­­ҳо, аз  ҷумла убури ошӯбгарони мусаллаҳ ба марзи Тоҷи­кистон водор карданд, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади дав­латии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти ам­нияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташаккул ва так­мил ёфта, дар  ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдор наму­дани сохти давлат ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар сохтори Вазорати кор­­ҳои дохилӣ низ як қатор корҳои такмилу азнавсозӣ ан ҷом дода шуданд, ки барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи  ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани  ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани  ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани ваз­ъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣнақши назаррас гузоштанд.

Бо дарназардошти хатари  ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маво­ди мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фар­мо­ни Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли соли 2000-ум дар назди Президенти  Ҷумҳурии То ҷикистон Агентии назорати маводи нашъадор таъсис дода шуд.

Дар тӯли солҳои истиқлолият Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ таъсис ёфт, ки ҳамчун сохтори мукаммал дар асоси қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз  ҷумла Прокура­тураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокурорҳои вило­ят­ҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки бар асари қонуншиканиҳои соли 1992 фалач шуда буданд, тағйироти  ҷиддӣ ба амал омад ва дар шароити истиқлолияти давлатӣ вазифаи мақомоти прокуратура барои таъмини қонуният хеле васеъ шуд.

Мақомоти Прокуратура дар оини давлатдорӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор рафта, пеш аз ҳама, озодӣ ва ҳу­қуқи шаҳр­вандонро ҳимоя мекунад. Прокуратура аз рӯйи вако­латҳои конститутсионии худ дар байни мақомоти ҳиф­зи ҳу­қуқ мавқеи махсус дорад. Риояи дақиқ ва иҷрои якхе­лаи қо­нун­ҳоро маҳз ҳамин сохтор назорат мекунад. Ин ма­қо­мот но­во­баста аз вазъи душвор дар мустаҳкам намудани қо­ну­нияту тар­­тибот, мубориза бар зидди  ҷинояткорӣва мӯътадил гар­донидани вазъи  ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ саҳми муносиб ме­гу­зорад. Барои амалӣ гаштани фаъолияти қону­нии мақо­моти Прокуратура заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда­аст.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар системаи судии ҷумҳурӣ низ ислоҳоти  ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналхалқӣ мутобиқ гардонида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конституционӣ таҳким бахшида шуд. Баҳри мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ Шӯрои адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсиси Шӯрои адлия тақозои замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ мебошад.

Азбаски дар баъзе ҳолатҳо мақомоти алоҳидаи ҳоки­ми­яти и ҷроия фаъолияти ҳамдигарро такрор мекарданд ва ин бои­си номураттабии кори онҳо мешуд, ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки як қатор вазорату идораҳои давлатӣ мут­таҳид карда шаванд. Вазоратҳои саноат, даромадҳо ва пар­дохтҳои давлатӣ, энергетика, нақлиёт, Агентии сиёсати зид­ди­инҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ маҳз барои амалӣ на­мудани ин мақсад таъсис дода шуданд.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз танзими муно­сибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Бо мақсади ба­ланд бар­доштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар  ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кор­донию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдод ва ба ман­фиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сох­тори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Пре­зиденти  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Истиқлолият бунёд ниҳодани пояҳои устувори давлатдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.

Бузургтарин дастоварди мо пас аз Иҷлосияи таърихӣ бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи  ҷангҳои дохилӣдар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои  ҷанг берун оварда, бо силоҳи  ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони  ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Дар мамлакат бунёдкорӣ низ оғоз шуд: сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, нақбҳои Истиқлол, Хатлон, Шар-Шар, роҳи автомобилии Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд – Чанок, роҳи автомобилии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон, роҳи автомобилии Айнӣ – Панҷакент, сохтмони ГЭС -ҳои Сангтӯда – 1 ва 2, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурӯдгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркунии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, роҳи оҳани Душанбе Ваҳдат – Евон, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноатӣ дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу кӯпрукҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ танҳо тавассути амалӣ гаштани қарорҳои И ҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии То ҷикис­тон ба даст оварда шуд. Ин ҳама на танҳо ба рушди иқти­содиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байнал­халқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

То имрӯз истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро аксари кишварҳои  ҷаҳон ба расмият шинохтаанд.  Аз ҷум­­ла зиёда аз 100 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дип­ло­матӣ бар­­қарор намудаанд.  Ҷум­ҳу­рии То ҷи­кистон бо эътироф кардани ойинномаи Созмони Ми­­ла­ли Мут­­таҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Па­­риж ва ди­гар сози­шномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва берунии худ­ро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи на­зар аз ман­­су­бияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ му­роот мена­­мояд.

Баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кишвари мо дар роҳи бунёди  ҷомеаи мустақили демократӣқадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конституционӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Пурзур шудани мақомоти сохтори ҳокимияти қонунӣ тавонист дар асоси татбиқи талаботи Конститутсия ва қонунҳои қабулгардида низоми комилро дар мамлакат таъмин намояд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.

 

 

 

Ноябрь 14, 2017 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»
30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ
Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст