Бахшида ба Соли ҷавонон сомонаи «Созандагони Ватан» фаъол гардид

Ноябрь 8, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» имрӯз сомонаи расмии худро таҳти рамзи www.sozandagon.tj  фаъол намуд.

Сомонаи мазкур барои доираи васеи сокинон, махсусан қишри ҷавони ҷомеа равона гардидааст. Дар ин бора аз ташкилоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар сомона иттилоот дар бораи ҳаёту фаъолият ва ташаббусу иқдомҳои ҷавонон нашр шуда, ҳамзамон хонанда метавонад аз он доир ба таърих, Оиннома, барномаҳо ва дигар самтҳои фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» маълумот гирифта, аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо ҷавонон огоҳии бештар пайдо намояд.

Мавриди зикр аст, ки фаъол шудани сомонаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Воқеан барои ҷавонони кишвар, махсусан аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи роҳ ёфтан аз торикӣ ба рӯшноӣ ва нишони хушрӯзиву саодат мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи миллат, яъне ояндаи ҷавонони кишвар ба таври мусбат ҳал гардид. Барои миллат сарнавиштсоз будани иҷлосияи мазкур дар он ифода меёбад, ки зимни он дар шахси Эмомалӣ Раҳмон пешвои воқеӣ ва сарсупурдаи миллат ба майдони сиёсат омад ва давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ҷавонон имрӯз бо Пешвои муаззами худ мефахранд.

Ёдовар мешавем, ки ташкил ёфтани қаноти ҷавонони ҲХДТ бо номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар соли 2011, ҳамзамон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 маҳз идея ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои роҳбарияти давлату ҳукумат бархурдоранд.

Зимнан аз ҷавонони саодатманду созандаи кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки бо сомонаи www.sozandagon.tj бо истифода аз иттилооте, ки дар бахши тамоси сомона мавҷуд аст, ҳамкорӣ ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» саҳми арзанда гузоранд.

 

Ноябрь 8, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад