Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд

Ноябрь 17, 2017 16:22

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.

Нахуст дар намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба  истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.

Саноатчиён ва соҳибкорони муваффақи вилоят молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташударо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш карданд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони вилояти Суғд бо ҳунарҳои қадимаи хеш на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ маъруф ҳастанд. Имрӯзҳо маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва муъҷизаофар дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта мешавад ва дар дохилу хориҷ харидорони зиёд доранд.

Ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони вилояти Суғд бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва дастгириҳои арзишманди Пешвои миллат дар роҳи рушди бахши хусусӣ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.

Хурсандибахш аст, ки фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд низ ба талаботи рӯз ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯ мебошад.

Соҳибкорони вилоят иқдом гирифтаанд, ки минбаъд низ бо васеъ кардани иқтидору имконияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳҳои нав баҳри пешрафти иқтисодиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.

Пас аз тамошои намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои мухталифи саноатии вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, коргарону устоҳои чирадаст, ки дар навсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд, мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сохтмончиён, ки бо меҳнати арзанда ва шоистаи таҳсину офарин Боғи устод Айниро аз  нав эҳё карданд, изҳори сипоси бепоён намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии бунёду навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз рӯйи натиҷаи озмун ҷойи аввал ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мансуб дониста шуд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар саҳми муносиби сохтмончиёнро дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи пойтахт ёдовар шуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ орзу кардданд.

 

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд 17.11.2017

Ноябрь 17, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд