«Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷавонон». Дар Душанбе китоби хабарнигори АМИТ «Ховар» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” китоби «Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷавонон», ки ба қалами хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ тааллуқ дорад, рӯнамоӣ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар расми муаррифии китоби мазкур, ки бахшида ба Соли ҷавонон ва 30-солагии таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ба нашр расидааст, Мунира Шаҳидӣ, раиси Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ, намояндагони маркази фарҳангии «Бохтариён» ва донишҷӯён иштирок намуданд.
«Дар китоб бештар андешаҳои раиси Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ дарҷ гардида, он барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар он мусоҳибаҳои Мунира Шаҳидӣ, ки дар маҷаллаҳои бонуфузи олам нашр шуда, масъалаҳои робитаҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро баррасӣ менамоянд, гирд оварда шудаанд»,- зикр кард Лайло Тоирӣ.
«Лайло Тоирӣ намояндаи он рӯзноманигорони ҷавон мебошад, ки дар ҳақиқат мехоҳад як чизи навро пайдо намояд, дарк кунад ва ба дигарон пешниҳод созад. Чунин журналистон барои ҷомеаи имрӯзаи мо хеле заруранд, то ки таъсири мусиқии муосир ва ҳимояи фарҳанги миллиро ба ҷомеа расонанд»,-гуфт Мунира Шаҳидӣ ва илова намуд: «Ман фикр мекунам нашри ин китоб метавонад ба афкори мардум то андозае таъсир гузорад. Бахусус ин ибтикоре, ки Лайло Тоирӣ нишон дод, онро метавон дар Соли ҷавонон туҳфаи арзандае барои ҷавонон номид».
Маврид ба зикр аст, ки дар китоби «Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷавонон» оид ба таърихи таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ, нақши Зиёдулло Шаҳидӣ дар бунёди операи миллии Тоҷикистон, шинохти Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ чун созмони фарҳангӣ ва сулҳофарӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим аз фаъолияти Зиёдулло Шаҳидӣ гирд оварда шудаанд.
Умед аст, ки дӯстдорони китоб аз хондани қиссаҳои ҷолиб ва дидани аксҳои солҳои пешин, ки гувоҳи фаъолияти пурмаҳсули Зиёдулло Шаҳидиянд, маъниҳои тоза мебардоранд.













Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






