Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл

Ноябрь 17, 2017 14:08

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошад. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст. Корҳои ободонии гирду атроф низ ба анҷом расидаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.

Мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таъомҳои бисёри болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шӯҳрати ҷаҳонии кишвари мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзун шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нав, ки ба хотири рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии таъомҳои миллӣ бунёд шудааст, ба соҳибкорон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар маркази пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таъомҳои миллӣ шинос шаванд.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи миллии “Маркази Оши палов” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар рӯзҳои ҷашни санаи муҳими таърихӣ-25-умин солгарди Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, боз як иқдоми неку башардӯстонаи Сарвари давлат нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеъа мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардуми саховатманди диёр-онҳоеро, ки шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ доранд, даъват мекунанд, ки доимо аз ҳолу аҳволи табақаи эҳтиёҷманд, нафақахӯрон, камбизоатон, маъюбон ва ятимону бепарасторон огоҳ бошанд ва ҳар сари вақт ба онҳо кумаки моддӣ расонанд.

Дар ин рӯз баробари тақдими туҳфаҳои хотирмону арзишманд ба ятимон, ҳамчунин дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.

Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл 17.11.2017

Ноябрь 17, 2017 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд