ИМРӮЗ – РӮЗИ МИЛИТСИЯ. Андешаҳои Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода роҷеъ ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи милитсияи тоҷик

Ноябрь 10, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин, андешаҳои  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон РАҲИМЗОДА пешкаши хонандагон карда мешавад.

Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли таърихи ҳазорсола мебошад. Баъди пош хӯрдани давлати Сомониён, пас аз ҳазор сол имконият моро даст дод, ки ба орзуи деринаи худ бирасем, зеро мустақилият ва соҳибихтиёрӣ метавонад беҳтарин арзишҳо ва дороии ҳар як миллату халқиятро ҳифз намуда, таҷассумгари орзуву омоли мардум бошад.

Ҳамин дастоварди таърихӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо, дар баробари кишварҳои мутараққии ҷаҳон қадам гузошта, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ки сокинони сайёра бо онҳо рӯ ба рӯ гардидаанд, саҳми арзанда мегузорад.

Солҳои 90-уми асри гузашта барои кормандони милитсия ҳамчун марҳилаи ҳассосу нозук ва сарнавиштсоз оғоз гардид, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ истиқлолияти воқеиро соҳиб гардида буд, ба муқовимати қувваҳои сиёсии дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар он солҳо кормандони милитсия дар сафи пеши мубориза қарор гирифта, барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ шабу рӯз талош менамуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ бо таъсис додани ҷузъу томҳои мустақили худ, ҳифзи тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба вуҷуд овардани фазои мусоидро дар кишвар таъмин намуд. Милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст. Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.

Замоне, ки ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назари мо корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллати бонангу номус ва куҳанбунёду бофарҳанг ҷилвагар мешаванд, ки саршор аз эҳсосу ғурури ватандӯстӣ мебошанд. Зеро онҳо ҳамеша баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи шараф, обрӯи давлату миллат, гиромӣ доштани осору эҷоди гаронбаҳои таърихӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд.

Бо гузашти солҳо шароити хизматрасонӣ ва савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсия афзуда, фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият торафт боло меравад. Заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар солҳои душвору вазнини ҷанги шаҳрвандӣ наметавон фаромӯш сохт. Аввалин бархӯрд ва зарбаи асосиро кормандони милитсия ба худ қабул намуда, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ ва ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ тамоми тадбирҳоро меандешиданд.

Бо вуҷуди хотима додан ба низою нооромиҳо дар пойтахти кишвар, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва ашхоси ҷиноятпеша бо мақсади ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ оташи ҷангро ба дигар минтақаҳо кашида, бо содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла, куштор, гаравгонгирӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ ва ғайра дар вуҷуди шаҳрвандон тухми кинаву адоват коштанӣ мешуданд.

Аммо, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин сарзамин, имкон дод, ки ҳадафу ниятҳои нопоки душманон барбод ва пеши роҳи мақсадҳои ғаразнокашон гирифта шавад.

Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни қӯшунҳои дохилӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, ҳангоми иҷрои вазифа зиёда аз 2000 нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд.

Дар даврони истиқлолият дар кишвар як зумра сохторҳои нави ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ таъсис ёфтанд, ки дар ҷобаҷогузории кадрҳои онҳо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун як институти кадрӣ истифода карда шуд. Дастпарварони Вазорати корҳои дохилӣ дар мақоми баланди идораҳои муҳими давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, вакилони Парлумони кишвар ва ғайра содиқона фаъолият менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия дар соли 2014 чунин ёдовар гардида буданд: «Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст».

Маҳз натиҷаи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарвари давлат, матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандони милитсия буд, ки муноқишаҳои дохилӣ барҳам зада шуда, тинҷиву осудагӣ ва амнияти шаҳрвандон барқарор, сокинони мамлакат дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ умр ба сар мебаранд. Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилӣ дар зарфи беш аз 26 соли даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз сохторҳои муҳим ва калидӣ табдил ёфта, дорои пойгоҳи мустаҳками кадрӣ, таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бинову иншооти замонавӣ ва кормандони аз лиҳози донишу малакаи касбӣ пешрафта гардид.

Сарвари давлат ҳангоми ба истифода додани бинову иншооти маъмурии милитсия дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе шахсан ширкат намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.

Бо дастгирӣ ва ғамхории Роҳбари давлат баҳри беҳдошти шароити хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, тайи панҷ соли охир садҳо нақлиёти хизматӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист барои хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ҷудо гардида, ба сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе замина гузошта шуд.

Инчунин дар ин давра ба хотири боз ҳам наздик намудани ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, таъмини иҷрои талаботи «Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020», ки аз тарафи Пешвои миллат ба имзо расидаанд, ҳамчунин бо мақсади таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва инъикоси натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ ва сомонаи вазорат таъсис дода шуд.

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи милитсия саҳифаи нав кушод ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, вазифаи муқаддасу ҷонӣ — ҳимоя ва ҳифзи Ватани азизамонро сарбаландона ба ҷой оранд. Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои пай дар пай ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи мухаддир ва аслиҳа обутоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо кард.

Барои шуҷоату мардонагӣ ва содиқона иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар кормандони милитсия бо ордену медалҳо, мукофоту рутбаҳои баланд сарфароз гардонида шуданд.

Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару масъулиятнок рафтору муносибат намояд.

Ҳар сол дар арафаи ҷашну маросимҳои давлатӣ ва миллӣ роҳбарияти ВКД ба кӯдакистон ва мактаб-интернатҳо кумакҳои моддӣ расонида, хатнасур ва тӯйи арӯсу домодии ниёзмандонро ташкил менамояд. Инчунин, ҷиҳати таъминоти иҷтимоии ҳайати шахсӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти гуногун баргузор карда мешавад.

Баргузории озмуни «Беҳтарин нозири минтақавӣ», «Нозирони навраси ҳаракат», «Автобону», маҳфилҳои фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти шоиру нависандагон ва мутафаккирони барҷастаи миллат, ташкили рӯзҳои фароғатӣ-фарҳангӣ дар осоишгоҳҳои «Садбарг», «Хоҷа Обигарм», машқгоҳи тактикии ВКД дар дараи Марғоб ва базаи кӯҳии лижаронии «Сафедорак», шаби эҷодии овозхонони ансамбли «Сипар», ташкили маросими савгандёдкунии курсантон ва кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ, суҳбату вохӯриҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ, суханронӣ дар мавзӯи пешгирии ҷинояткорӣ ва шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар муассисаҳои миёнаю олии мамлакат, конференсия ва семинар-машваратҳо дар мавзӯъҳои гуногун роҳандозӣ гардид.

Бояд зикр намуд, ки беш аз 90 фоизи ошкор сохтани ҷиноятҳо ба кормандони самтҳои оперативӣ марбут аст. Дар алоқамандӣ ба ин, ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва неруи зеҳнии кормандони ин соҳа, озмун бо иштироки кормандони фаврии раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардид, ки ғолибон бо туҳфа ва мукофотҳо қадршиносӣ карда шуданд. Бо мақсади боло бурдани мавқеи онҳо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо маблағи пулӣ таъсис дода шуд, ки ҳар нафари онро соҳибгардида аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла, таъйин ба вазифаҳои баланд, таъмин гардидан бо манзили истиқоматӣ, сафар ба хориҷи кишвар барои иштирок дар конференсия, ҷамъомад ва суҳбату вохӯриҳо бархӯрдор мебошанд.

Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шуд.

Имрӯз ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба он равона карда шудааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, суботу оромӣ дар кишвар кафили пешравӣ ва рушду инкишофи Ватани азизамон гардад. Бояд зикр намуд, ки робитаи мақомоти корҳои дохилӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, суд ва прокуратура рӯз то рӯз қавитар гашта, талошу кӯшишҳои дастаҷамъона, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи афкор дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини суботу оромӣ дар кишвар натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.

Сарвари давлат дар суханронии худ дар ҷашни таъсиси милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони милитсия таъкид карда буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».

Боварӣ дорем, ки баҳои баланди Роҳбари давлатамон ҳисси ифтихори ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро афзуда, онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар назди Ватан ва халқ рӯҳбаланд менамояд.

Рамазон РАҲИМЗОДА,

Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва дар иҷрои вазифаи басо душвор, вале бошараф ҷиҳати таъмин ва ҳифзи тартибот ва суботу оромӣ дар мамлакат муваффақият орзу мекунад. 

Ноябрь 10, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон