«Конститутсия- кафили рушди сайёҳӣ»-ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия- кафили рушди сайёҳӣ»-таҳти ин унвон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази миллии қонунгузорӣ, Суди конститутсионӣ, коршиносони соҳа ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки «Конститутсия шиносномаи давлату миллат буда, барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор гузошт ва дар сохтмони аркони давлатдорӣ нақши барҷаста дорад. Дар тӯли 23 соли мавриди амал қарор доштани Конститутсия ба он 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузорӣ, сулҳу субот ва камолоти давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд».
Зикр шуд, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати дарҳои боз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуд. Тўли солҳои охир дар бахши сайёҳӣ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо устувор гардид.








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






