Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол

Ноябрь 16, 2017 11:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ифтитоҳи Корхонаи металлургии Ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳи мазкур дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой» ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони шаҳри Истиқлолро ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 — солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад, табрику муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат ба сармоягузорон, мутахассисону сохтмончиён, аз ҷумла, ба роҳбарияти «Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой», ки дар бунёди ин корхонаи азими саноатӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуданд.

Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи металлургии Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат мебошад.

Ифтитоҳи корхонаи бузурги саноатӣ идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон буда, нақши ин коргоҳи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, даромади буҷет, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, рӯзгори сокинони шаҳр ва вилоят муассир хоҳад буд.

Зимни вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди роҳбарияти вилоят ва шаҳр доир ба беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони касбу кори гуногун, собиқадори меҳнат Саодат Муҳаммадиева, коргарони ҷавони корхонаи навтаъсис Эмомалӣ Норов ва Абдуғаффор Ҷабборов  баромад карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин зимни суханронии хеш аз рушди муносибатҳои дӯстию шарикии стратегии роҳбарон ва ҳукуматҳои ду кишвар ва дастгириҳои Президенти мамлакат оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бар нафъи мардумони Тоҷикистону Хитой андешаронӣ кард.

Сокинони шаҳри Истиқлол  барои туҳфаи арзанда- корхонаи бузурги саноатӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, инчунин омили муҳими ғанӣ гардидани буҷаи шаҳр мегардад, изҳори сипоси бепоён карданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳр барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғди бостонӣ бо фаъолияти созандаи худ дар баланд бардоштани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ва таъмини рӯзгори шоистаи мардуми мамлакат минбаъд низ саҳми сазовор мегузоранд.

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол 16.11.2017

Ноябрь 16, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Миллат пешвоси муҳтарам Эмомали Раҳмоннинг БМТ «2027-2036 йиллар, Келажак авлодлар учун тинчликни мустаҳкамлаш халқаро ўн йиллиги» номли резолюциясининг қабул қилиниши ва Миллий бирлик куни муносабати билан табриги
Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд