Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев

Ноябрь 1, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ карданд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз мавқеи тағйирнопазиру устувори кишвари мо таъкид доштанд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев 01.11.2017

Ноябрь 1, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон