«НАМОЗИ СИЁСӢ». Вокуниши таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуғаффори Камол нисбат ба як навор дар «Фейсбук»

Ноябрь 9, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 09.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилгари  масоили сиёсӣ Абдуғаффори Камол дар саҳифаи худ дар шабакаи «Фейсбук» нисбат ба навори як ҷавони тоҷик, ки намоишкорона дар назди мошини пулис дар шаҳри Кёлни Олмон ба истилоҳ намози «нафл» хондааст, мулоҳизаҳои худро навишта, он амалро «намози сиёсӣ» номидааст. Ин навиштаи Абдуғаффори Камолро бе таҳрир пешкаши хонандагон мекунем.

«Сомонаи “Ахбор” (www.akhbor.com) зери сарлавҳаи “Адои намоз дар паҳлӯи мошини полис” аксу навори ҷавони тоҷикеро бо номи Сулаймони Орзу нашр кардааст, ки дар миёни издиҳоми роҳгузарон дар шаҳри Кёлни Олмон ва дар пеши чашми як гурӯҳ кормандони полис намоишкорона намози нафл (ки на фарз асту не суннат) мегузорад ва ин кори худро “намоиши демократияи олмонӣ” муаррифӣ мекунад.

Ду рӯз боз ин аксро мебинаму ин навиштаро мехонам, аммо ҳамчун мусулмон на ин намозхонӣ писандам меафтаду на ин шиор. Ба худ савол медиҳам, Худоё, чаро? Чаро ман аз намозхонии як ҳамватанам дар қалби Аврупо бояд нороҳат шавам? Оё мушкил дар ақидаи ман аст ё дар ҷои дигар? Бори дигар ва бори дигар аксро мебинаму шиорро мехонам. Не, ин намоз барои Худо нест, ки нест. Аз ҳар тараф, ки бингарӣ, ин кор намақбул, нописанд ва ҳатто номашрӯъ аст. Чаро?

  1. Як бор ба шеваи истодани ин “намозхон” нигаред. На даст рӯи даст гузоштанаш дуруст асту на такя болои як по карданаш (ки ин дар намоз макрӯҳ аст). Ин нишонаи он аст, ки ҷавон фарди намозхон нест ва намозхонӣ одати ӯ нест. Ӯ дар ин ролик ҳамчун актёр истифода шудаст.
  2. Ҷавон мегӯяд, ки нафл мехонад. Нафлро, маъмулан дар хона, дар ҷои пинҳон ва дур аз чашми мардум мехонанд. Зеро он нафл асту моҳияташ ихфост (пинҳонӣ ва байни Худову банда). Ҳатто дар масҷид хондани намози нафл тавсия намешавад. Дар зиндагиномаи орифон бисёр хондаем, ки чун нимашаб барои намози нафл бармехестанду эҳсос мекарданд, ки ҳамсоя огоҳ шуд, зуд шамъро хомӯш мекарданду мехобиданд, то ҳамсоя фардо дар малаи ом таъриф накунад, ки “фалонӣ намози шаб дорад” ва ин самъату риё савоби нафлро аз байн барад.
  3. Дар пеши чашми полис (зимнан, аҳсан ба ин гуна полиси сабуру ботаҳаммул) аз ин тарафу он тараф гузаштану намоз гузоридану ҳар лаҳза “Аллоҳу акбар ” гуфтан дар айёме, ки ҳамарӯза террористони бадсиришт бо ҳамин шиори “Аллоҳу акбар” дар Аврупо мардумкушӣ мекунанд, оё муҳорибахоҳии ошкор ва таҳрик кардани полис барои вокуниш нест?
  4. Олмониҳо, гарчӣ миллати бофарҳанге ҳастанд, аммо пӯшида нест, ки дар он ҷо ҳам миллатгароёни ифротӣ ё ҳатто ғайриолмониҳо сукунат доранд. Агар ба онҳо ин амал писанд наафтаду вокуниш нишон диҳанд, оё ин бо дасти худ заминасозӣ барои барангехтани адовати қавмӣ нест?
  5. Ҳеҷ кас, на Худо ва на Расул ӯро маҷбур накардааст, ки барои анҷоми коре, ки воҷиб ва зарур нест, либоси худро аз тан кашида, рӯи замин паҳн карда, болояш муддате нишаста, сипас боз онро гирифта, пӯшаду бо ин кор сатҳи фарҳанги худу миллаташ ва дур буданашро аз масоили беҳдошту гигиена барои мардуми покизаниҳоди Олмон ба намоиш гузорад.
  6. Агар Шумоҳо демократияи Олмонро ҳамин хел ба бозӣ бигиред ва аз он ба чунин тарзи зиёдаравона суиистифода кунед, дер нест, ки он мардум аз ҳукуматашон бихоҳанд, ки пеши роҳи шумо баринҳоро бигирад. Ин, яъне маҳдудият ва фишор болои ақаллияти мусулмон дар Олмон ва Аврупост, ки сабабгораш чунин аъмоли шумоҳо хоҳад буд.
  7. Ин шабу рӯз расонаҳои Аврупо аз ғолиб омадани фарҳанги муҳоҷирон бар фарҳанги бумии мардум дар ин минтақа бонги хатар мезананд. Кори ин ҷавон, ки ҷуз густохӣ ва бепарвоӣ нисбат ба фарҳанги он мардум чизи дигаре нест, ҳатто сабуртарин ва ботаҳаммултарин фарди олмониро водор ба вокуниш ва бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон мекунад.
  8. Агар андак аз «Одоби намоз» огоҳ мебудед, дар он гуфта мешавад, ки саъй кунед, то намозро дар ҷойҳои пуррафтуомад нахонед, чунки эҳтимоли аз пеши намоз гузаштани одам вуҷуд дорад ва ин ҳам ӯро гунаҳкор мекунаду ҳам намози шуморо макрӯҳ.
  9. Шумо, ки дар он кишвар паноҳандагӣ ёфтаед, ба ҷои дар мазҳари ом намози риёкорона хондану афкори умумии он мардумро нисбат ба намоз ва ислом дар шакк андохтан, беҳтар аст, ки бо рафтори намунавии худ, бо эҳтиром ва риояи қонунҳо ва урфу одату анъанаҳои он ҷо фарҳанги болои худ ва миллататонро ба намоиш бигзоред. Мавлонои Балхӣ мегӯяд:
    Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ, Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хӯйи накӯ…
    Муъмин он бошад, ки андар ҷазру мадд,
    Кофар аз эмони ӯ лаззат барад.
  10. Ва ниҳоятан, оё медонед, ки чаро намози Шумо ба ман ва чандин каси мисли ман маъқул нашуд? Чунки он холисона нест, риёкорона ва боғараз аст. Ана ҳамин ғараз ибодати Шуморо беарзиш кардааст. Боз ҳам ба қавли Мавлоно:
    Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Ё ба қавли Бедил:

Магзар аз мавқеъшиносӣ, варна дар арзи ниёз,

Беш аз орӯғе набошад оҳи беҳангомро.

Ғарази Шумо на таблиғи дин ва на намоиши демократияи олмонист. Ғарази Шумо танқиди Тоҷикистон аст. Шумо хеле ҷавон ҳастед. Касе Шуморо ҳамчун иҷрокунандаи нақш истифода бурда, наворатон мегирад, то ба ҳамон ҳадафи худ, ки танқиди Тоҷикистон аст, бирасад. Аммо мутмаинам, ки бинандаи навору шунавандаи суҳбатҳои Шуморо на муқоисаи демократияи олмонию тоҷикӣ, балки ин рафтори кӯдаконаи Шумо бештар ба худ ҷалб мекунад».

 

 

Ноябрь 9, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд