Шоҳкоре барои таърих
ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кӯҳро, вақте дар домонаш истодаӣ, намедонӣ, ки хурд аст ё бузург. Азамату ҳашаматашро замоне пай мебарӣ, ки онро аз дуродур, дар радифи дигар пастию баландиҳо бубинӣ. Ва ҳамин тавр, ҳар андоза дуртар мешавӣ, кӯҳ ба назарат ҳамон қадар азимтар ҷилва мекунад.
Воқеаҳои таърихӣ низ ба ҳамин суратанд. Одамон дар гармогарми ҳаводис, вақте даргири ҳалли масъалаи муҳими рӯзашон ҳастанд, аз аҳамияти он барои оянда тасаввуроти равшане надоранд, намедонанд, ки кори онҳо барои таърих чӣ қиммате хоҳад дошт.
Воқеан ҳам, он касоне, ки моҳи декабри соли 1992 худро бо ҳазору як мушкил ва хавфу хатар аз замин ва аз ҳаво ба шаҳри Хуҷанд, ба иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ расонда буданд, вакилони Шӯрои Олӣ, аъзои ҳукумат, вазирон, раисони вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо интизори муъҷиза набуданд.
Мамлакат ба гирдоби беҳокимиятиву нофармонӣ ғӯтавар, ҳукумат, парламент ба бозичаи дасти намоишгарон табдил ёфта буданд. Хостанд, вакилони Шӯрои Олиро гаравгон гирифтанд, хостанд, истеъфои маҷбурии Президенти қонунӣ интихобшударо ба даст оварданд. Горди президентии оҷилан таъсисёфта, ки ҳифзи давлату ҳукумат ба зиммааш буд, ноуҳдабароӣ карда, яроқҳояшро ба намоишгарон, мухолифони ҳукумат таслим намуд. ҳамин тавр, давлат дар муқобили ғосибони қудрат, ки бо таҳрики доираҳои манфиатдори хориҷӣ намоишҳои эътирозии мардумро ба силоҳи авомфиребонаи хеш табдил дода буданд, дар муқобили дастаҳои мусаллаҳшудаистодаи онҳо беҳимоят монд-милитсияву амният ҳам ё худро аз ин амалҳои мудҳишу ҷинояткорона канор кашиданд, ё дар муқобилат бо онҳо коре карда натавонистанд. Кишвар дигар кишвари воҳид набуд. Дар ин ё он гӯша задухӯрдҳо ба амал меомаданд. Дар минтақаи Қӯрғонтеппа ҷанг давом дошт, хонаҳо ба коми оташ мерафтанд, мардум кушта мешуданд, садҳо ҳазор нафар аз мамлакат фирор карда, рӯ ба ҳиҷрат оварданд. Минтақаи Кӯлоб гирифтори ҳалқабанди иқтисодӣ, мардум аз гуруснагӣ азият мекашиданд, мемурданд, ба бемориҳои гуногун мубтало мешуданд. Шаҳру навоҳӣ, ҳатто деҳу маҳаллаҳои алоҳида барои хеш дастаҳои муҳофизатӣ доштанд. Иқтисоди кишвар ба ҳадди поинтарини рушд расид, аксари корхонаҳо фаъолият надоштанд, заминҳо кишт намешуданд. Кӯшишҳои сулҳу созиш бенатиҷа анҷом меёфтанд. Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ дар он замон ба ҷамъомадҳое монанд буданд, ки баҳсҳои беохирашон дар бораи вазъи ҷумҳурӣ ё ба натиҷае намеоварданд, ё қарорҳои қабулкардаашон иҷронашудаю рӯйи коғаз мемонданд.
Дар чунин шароит кӣ гуфта метавонист, ки иҷлосияи Хуҷанд ҳам мисли дигар иҷлосияҳои қаблӣ намешавад? Ҳукумати қонун барқарор мегардад? Давлат қудратро ба даст мегирад? Роҳи қатъӣ ва бебозгашти сулҳ пеш гирифта мешавад? Тоҷикистон аз парокандагӣ наҷот меёбад? Вазъи он рӯзҳоро дида, гуфтан маҳол буд, ки касе ба чунин фардои нек бовар дошта бошад, гарчанде ин гуна орзуҳои ширин дар дили ҳама буд. Аммо муъҷиза воқеъ шуд. Иҷлосияи Хуҷанд воқеан ҳам ба роҳи наҷот ибтидо гузошт ва сароғози гардиши куллӣ дар ҳаёти кишвар гардид. Имрӯз, ки аз баргузории он иҷлосияи сарнавиштсоз 25 сол сипарӣ мешавад, мо дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишварамон, беҳбуди вазъи зиндагии мардум ва авзои печидаи ҷаҳони муосирро дида, бо дили пур метавонем ин иҷлосияро оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти мамлакат биномем. Дар ҳақиқат, ҳамааш аз иҷлосияи XVI шурӯъ шуда буд.
Ин дигаргунии куллӣ, ин муъҷиза бо номи Пешвои миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо он сиёсате, ки Ҷаноби Олӣ давоми 25 соли роҳбарӣ ба кишвар дар ҳама ҷодаҳои ҳаёт собитқадамона амалиаш мегардонанд, сахт вобаста аст. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон дар он иҷлосия Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб шуданд. Бо раъйи аксари мутлақи вакилони Шӯрои Олӣ. Бо вуҷуде на ҳама ба умри муддавоми ҳукумати нав бовар доштанд, тарси беҳокимиятӣ, тарси вазъи мавҷуд ҳамаро музтар мекард. Рӯҳияи мазкур махсусан вақте ошкор шуд, ки навбати интихоби сарварони вазоратхонаҳо омад. Шахсони пазируфташуда пешбарии номзадиашонро ба вазирӣ рад мекарданд, бо баҳонаҳои сохта аз ин кор даст мекашиданд.
Муҳимтарин сухане, ки иштирокдорони иҷлосияи XVI, тамоми мардуми Тоҷикистон аз забони Сарвари ҷавони кишвар баъди интихобашон ба ин мақоми олӣ шуниданду он ҷавоби дилхоҳ ба саволҳои гуфтаву ногуфтаи ҳамагон гардид, ҳарфи сулҳ буд. «Ман ба шумо сулҳ меоварам!» нидое буд, ки дар дили миллионҳо нафар шуълаи умед барафрӯхт. Ҳаёт аз ҳамон рӯзҳои аввал нишон дод, ки ин гапи хасакиву ҳавоӣ, ваъдаи навбатии дурӯғини авомфиребона набудааст. Он қавли ҷавонмардона будааст. Мо сонитар ба баёни он мепардозем, ки давлати навини Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна дар роҳи амалӣ сохтани ин нияти нек, ҳалли масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон собитқадамонаву қотеъона талош кардааст. Аммо ҳоло дар бораи дигар ҷанбаъҳои аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳаёти кишвар сухан мегӯем. Сулҳ муҳимтарин масъала буд, аммо иҷлосия масъалаҳои дигареро низ баррасӣ кард, ки барои давлати ҷавон аз масъалаи сулҳ арзиши камтар надоштанд. Аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими иҷлосия, масалан, тавре ишора рафт, ташаккул додани ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо буд, ки муваффақона ҳал гардид. Пас аз анҷоми кори иҷлосия ҳамаи мақомоти муҳими ҳокимият дар Душанбе фаъолияташонро оғоз намуданд, кори идораву иншооти ҳаётан муҳим дар навбати аввал ба роҳ монда шуд. Иҷлосия рамзҳои муҳими давлатдорӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллиро қабул намуд ва ҳамин тариқ мустақилияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон ифодаи расмӣ пайдо кард. Муқаддасоти мазкури миллӣ имрӯз мояи ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор мераванд.
Артиш яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар ҷаҳони пуртазоду пурмуноқишаи имрӯз кишваре, ки артиши таълимдидаю муҷаҳҳаз надорад, худро ҳеҷ гоҳ эмин ва осудаю ором ҳис карда наметавонад. Маҳз набудани артиш буд, ки бадхоҳони миллати тоҷик, душманони оромию осудагии Тоҷикистонро дар марҳалаи аввалӣ иҷрои ин қадар амалҳои ғайриинсонию мудҳиш ва харобкорона таҳрик дод, кишварро ба гирдоби ҷанги бародаркуши дохилӣ кашид. Бинобар ҳамин, қарори Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 декабри соли 1992 қабул шуд, дар ҷумлаи нахустин санадҳои муҳими давлатист, ки он шабу рӯзҳо ба тасвиб расида буданд. Аллакай пас аз ду моҳ, рӯзи 23 феврали соли 1993 дар майдони «Исмоили Сомонӣ»-и пойтахт баргузор шудани паради ҳарбии намояндагони қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба муносибати Иди Қувваҳои Мусаллаҳ баёнгари он аст, ки корҳо дар он айёми пуртаҳлука бо чӣ суръате ҷараён доштанд. Артиши миллӣ он давра ҳам худашро месохт, ҳам дар набардҳо бо мухолифони мусаллаҳ аз тамомияти арзиву истиқлолияти кишвар дифоъ мекард. Ба зудӣ, аз иҷлосияи XVI дере нагузашта, Қувваҳои Мусаллаҳ аллакай назорати тамоми қаламрави кишварро дар ихтиёр доштанд. Давоми солҳои минбаъдаи истиқлолият Артиши миллии мо зимни амалҳои бобарори ҳарбӣ муқобили дастаҳои исёнгари Маҳмуд Худойбердиев, Раҳмон Сангинов, Абдуҳалим Назарзода, дар ҷараёни машқҳои сершумори муштарак бо ҳамтоёни хориҷиашон аз кишварҳои ИДМ борҳо собит карданд, ки онҳо то ба як қувваи ҷиддии ҳарбӣ камол ёфтаанду вазифаи сангину пурифтихори бар дӯшашон қарордоштаро сарбаландона ба ҷо оварда метавонанд. Ин, албатта, натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз нахустин рӯзҳои таъсиси артиш нисбат ба таълим ва тарбияи низомиён, таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъминоти қӯшунҳо зоҳир мегардид.
Тавре дар боло ишора рафт, муҳимтарин масъалае, ки иҷлосияи XVI, Сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштанд, барқарории сулҳу субот буд. Суханони пурсӯзи Сарвари давлатамон дар мавриди он, ки «то вақте як гурезаи тоҷик дар ғурбат аст, ман худамро ором эҳсос намекунам», маҳз дар ҳамин иҷлосия садо дода буданд.
Ва ҳамин тавр ҳам карданд, ба иҷрои қавлашон камар бастанд. Фавран баъди иҷлосия ҳайате аз вакилон бо ҳидояти Сарвари давлат Панҷи Поён, назди фирориён рафтанд. Ҳоли тараҳҳумовари онҳоро диданд, даъваташон карданд, ки ба ҷойҳои муқимии зисташон баргарданд. Барои амнияту зиндагии оромашон кафолати шахсӣ доданд. Сонитар боз ба минтақаҳои ҷангзадаи вилояти онвақтаи Қӯрғонтеппа сафар доштанд, харобаҳои бозмондаи ҷанг, хонаҳои сӯхтаю валангор, аҳволи мардумро диданд.
Ин гуна сафарҳо, диду боздидҳо бисёр буданд ва ҳар кадоме аз шуҷоату мардонагӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат далолат доранд. Маълум аст, ки на ҳамаи ин дидорҳои бевосита тинҷу бехатар буданд. Инро касоне зикр карданд, ки Пешвои миллатамонро дар ин ё он сафар ҳамроҳӣ намудаанд. Аз он ёд овардаанд, ки чӣ тавр Сарвари давлат либоси саҳроии низомӣ дар бар барои озод кардани сарбозони асирафтодаи тоҷик ба минтақаи амалиёти ҷангӣ, ба Тавилдара (ҳоло Сангвор) парвоз намуд, бо ҷангиёни ИНОТ бевосита гуфтушунид кард ва сарбозонро аз асорат озод сохт.
Ҳар як аз ин сафарҳо натиҷаҳои амалӣ низ дар пай доштанд. Бо қарорҳои ҳукумат ҷойи хонаҳои хароба биноҳои нав қомат рост карданд ва ба соҳибонашон ройгон дода шуданд, ба фирориёни бозгашта, ҳамчунин дар қадамҳои аввал кумакҳои молиявӣ ҷудо мегардид. Барои кишваре, ки мувоҷеҳи буҳрони сартосарӣ буд, иҷрои ҳамаи ин корҳо осон даст намедод, вале сулҳу созиш тақозо дошт, то ҳар кори ғайриимконро имконпазир бигардонӣ, тақозои сулҳу оромӣ буд, ба зудӣ, пас аз Иҷлосияи XVI фармонҳои Сарвари давлат дар бораи авфи гуноҳи шахсоне, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, дар бораи ихтиёрӣ супоридан ва мусодираи яроқу аслиҳаи дар ихтиёри аҳолӣ ғайриқонунӣ қарордошта ба имзо расиданду мавриди амал қарор дода шуданд.
Ҳамчунин ҳамин тақозои сулҳу оромӣ дар кишвар буд, ки аз соли 1994 гуфтушунидҳои миёни намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон (ИНОТ) шурӯъ шуданд. Ин музокираҳо то соли 1997 идома ёфтанд, ки раванди чандон саҳлу осоне набуд. Онҳо ҳашт даврро дар бар гирифта, дар мамлакатҳои мухталиф баргузор мешуданду борҳо аз пайи истодагарии тарафҳо ба бунбаст ҳам рӯ ба рӯ омаданд. Чанде аз ин музокироти бевоситаи Сарвари давлатамон сурат гирифтаанд. Даври ниҳоии он 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид, ки ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима дод ва кишварро ба маҷрои сулҳу субот бозгардонд. Ҳамин тавр, бо қатъияту собитқадамии Сарвари матину фидокори Тоҷикистон, давлатмарди тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин вазифаи ба миён гузоштаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҷомаи амал пӯшид.
Баъди қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, то Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва дар ҷараёни он давлати навтаъсис дар ҷустуҷӯи роҳи пешрафт буд. Конститутсияи пешин, ки аз замони Шӯравӣ мерос монда буд, барои давраи нав кор намеомад. Бо назардошти анъанаҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Қонуни асосие таҳияву қабул намуданд лозим буд, ки самтҳои ояндаи рушди давлат, сохтор, ҳадафу вазифаҳои онро муайян созад, хостаҳову ниёзмандиҳои тамоми шабакаҳои ҷомеаро ба назар гирад.
Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVI аз роҳи пешрафти кишвар ибрози назар карда, изҳор доштанд, ки ҷонибдори давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин гуна давлат ҳамаи манфиатҳо ба назар гирифта мешаванд ва он суботу пешрафтро таъмин хоҳад сохт. Дар Конститутсияи Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ҳамин гуна давлатдорӣ маҳаки асосӣ қарор гирифт. Яъне, ин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ба навъе, самти рушди кишварро низ муайяну мушаххас сохта буд, ки он тавассути қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол аз тарафи умум пазируфта шуд.
Тавре Пешвои миллатамон дар суханрониҳояшон чандин бор таъкид карданд, рушди иқтисодӣ дар кишвари мо аз соли 2000-ум баъди итмоми ҷанг ва бартараф намудани оқибатҳои он шурӯъ шудааст. То ин вақт иқдоми назаррас дар ҷодаи иқтисод он буд, ки бо фармонҳои Президенти мамлакат як бор 50 ҳазор гектар ва маротибаи дуюм 25 ҳазор гектар замин ба ихтиёри деҳқонон дода шуданд. Ин иқдомҳои саривақтию хайрхоҳона мардумро дар айёми буҳронии кишвар аз гуруснагӣ наҷот бахшиданд. Аз соли 2000-ум кишвар бар пояи рушд расид, нишондодҳои солонаи рушд тамоюли мусбат пайдо карданд. Ҳамаи муваффақияту дастовардҳое, ки давоми 17 соли охир кишварамон дар ҷодаҳои сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт комёб шудааст, натиҷа ва идомаи он корҳоеанд, ки оғозашонро Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ соли 1992-юм гузошта буд. Дар кишвар се самти стратегии рушд муайян ва ҳаракат дар ин самтҳо бомаром пеш рафт, ки онҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ мебошанд. Дастовардҳои мо дар ин ҷодаҳо беназиранд.
Дар соҳаи неру, энергетика, давоми ин солҳо дар кишвар неругоҳҳои нави обии барқии «Помир-1», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2 сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки истеҳсоли неруи барқ дар кишвар хеле афзоиш ёбад ва зимистони имсоларо нахустин бор тамоми қаламрави кишвар бидуни лимити барқ сипарӣ мекунад. Яъне, истиқлолият дар неруи барқ, ҳамчунин дар ангишт аллакай воқеият аст. Ба ҷуз ин, соли оянда аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад, бунёди хатти баландшиддати барқии «CASA-100» ба ҷониби Афғонистону Покистон давом дорад. Дур нест рӯзе, ки Тоҷикистон ба содироти густардаи неруи барқ ба хориҷи кишвар оғоз намояд.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ. Дар кишвар садҳо километр роҳ таҷдиду навсозӣ шуданд, нақбҳою пулҳои нав ба миён омаданд, бунёди хатҳои нави роҳи оҳан минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва онҳоро ба пойтахти кишвар васл сохтанд. Акнун тамоми минтақаҳои кишвар аз тариқи роҳҳои автомобилгард ҳама фаслҳои солу бе баромадан ба хориҷ бо ҳам пайванданд Роҳи оҳани Туркманистон-Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон, ки сохтанаш дар нақша аст, моро ба ҷануби Осиё хоҳад бурд. Ҳамин тариқ, кишвар аз бунбасти нақлиёт низ раҳо шудааст ва акнун навбати он аст, ки Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил гардад.
Истеҳсоли ғаллаю картошка дар мамлакат зинаи якмиллиониро фатҳ кардааст. Махсусан бунёди боғу токзор ба маротиб ривоҷ ёфтааст, ки содироти ҳосили онҳо ба хориҷа сол то сол зиёд мешавад. Тавлидоти анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшту тухм, моҳию асал ва ғайра низ назар ба солҳои қаблӣ хеле пеш рафтааст. Омилҳои мазкур вазъи иҷтимоии мардумро ба таври чашмрас беҳбуд бахшидаанд.
Дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, пешрафтҳои дигари иқтисодӣ имкон доданд, ки мо акнун нияти аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро пеши худ ҳадаф қарор бидиҳем. Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки то соли 2030-ро дар бар мегирад, барои кишвар ояндаи басо дурахшон ва зимнан, воқеиро пешгӯйӣ мекунад. Таъкидан мегӯем, ин ҳама натиҷаи он роҳест, ки асосашро Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта буд.
Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки агар мардум якдилу якмаром набошанд, агар ҳар нафар аробаи худро бикашад, агар ваҳдати миллӣ набошад ва ё нокомил бошад, он ҷомеаро ба чӣ оқибатҳои ногуворе рӯ ба рӯ карда метавонад. Дар Иҷлосияи XVI ҳамагон дарк карда буданд, ки яке аз иллатҳои ин ҷанги бемаънӣ ҳамин бебақоиву ноустувории ваҳдати миллист. Аммо барои ҳалли фарогири масъалаи мазкур аллакай дер шуда буд. Даҳсолаҳо, шароити созгори иқтисодию иҷтимоӣ лозиманд, то дар ҷомеа фарҳанги сиёсӣ, эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ ташаккул ёбанд. Вале дастёбӣ ба сулҳу созиш, қатъи ҷанг қадами аввал дар роҳи ҳалли масъалаи мазкур буд, ки Пешвои миллатамон дар ҳамон иҷлосия ин вазифаро ба миён гузоштанду иҷрои онро пайгирона то ба нуқтаи ниҳоиаш расониданд.
Ба манзуре, ки суботу оромӣ дар ҷомеа таъмин бошад, мардум манфиатҳои умумимиллиро аз ҳама гуна манфиатҳои дигари маҳаллию гурӯҳӣ болотар гузоранд, ба ҷангу хунрезиҳои дохилӣ дигар роҳ дода нашавад, баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ мақсади тақвият додани ваҳдати миллӣ аз вазифаҳои умдаи давлату ҷомеа қарор гирифт. Ана, ҳамин ҳадафҳои наҷибона фикри таъсиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба миён оварданд, ки ташаббускору бунёдгузораш Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Он имрӯз садҳо ҳазор нафар одамони гуногунақидаю гуногунтоифаро дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ, дар роҳи ободию шукуфоии ин Ватан муттаҳид сохтааст ва барои тақвияти ваҳдати миллӣ фаъолияти густардаи таблиғию маърифатиро роҳандозӣ мекунад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ибтидои гардиши куллӣ дар ҳаёти кишвар, оғози бедорӣ, сарманшаи ваҳдати миллие буд, ки то кунун барои халқ ва давлати мо самараҳои зиёде ба армуғон овардаасту меоварад.
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон