СУРОҒАИ ЭЛЕКТРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: робитаи мустақими аҳолии пойтахт бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии пойтахт иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зиёда аз як моҳ мешавад, ки сокинони пойтахт имкон доранд тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё аз мавҷудияти онҳо огоҳ ҳастанд, тавассути телефони мобилӣ сурат гирифта ё навор бардошта, ҷиҳати сари вақт бартараф кардани онҳо ба суроғаи электронии Раиси шаҳри Душанбе — Dushanbe80@yahoo.com ирсол намоянд. Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки амали мазкур робитаи мустақими байни сокинон ва мақомоти марбутаро боз ҳам густариш дода, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.
Сокинони пойтахт минбаъд низ метавонанд чунин ҳамкориро идома дода, дар сатри мавзӯъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро гузошта, сипас навор ё акси гирифтаашонро тавассути замима ба мавзӯъ ба суроғаи мазкур ирсол намоянд.
Инчунин онҳо метавонанд тариқи шабакаҳои Viber ё Whats App бо рақами 985 -95-22-22 навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, махфияти муаллифони навор ва аксҳои ба суроғаи электронии Раиси шаҳр ва телефони мазкур ирсолгардида кафолат дода мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки дар барномаи иттилотии «Вақт»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» фаъолият дорад. Сокинони пойтахт метавонанд тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё вуҷуд доранд, тавассути телефони мобилӣ ё дигар воситаҳо навор бардошта, тариқи Viber бо телефони 904-05-21-00 ба бахши мазкур ирсол намоянд.
Тавре сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Душанбе» Парвизи Зубайдулло зикр кард, «агар рӯзҳои аввали фаъолияти бахши мазкур ҳафтае ду-се навор аз ҷониби муаллифон- шоҳидони бевоситаи акс ё навори дорои камбудиву нуқсонҳо ворид мегардид, вақтҳои охир қариб ҳар рӯз мо чунин наворҳоро дастрас ва пахш менамоем.
Ин иқдом бо мақсади густариши робитаи мустақим бо сокинон ва тамошобинони «Телевизиони Душанбе» ва ба ин васила, мусоидат дар рафъи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Зеро тамошобинони зиёде ба мо мактуб навишта, хоҳиш мекарданд, ки дар ҳалли ин ё он масъалаи хоҷагидории шаҳр ба онҳо кумак расонем. Аз пайи ҳар мактуб рафтану онро пайгирӣ намудан вақти зиёдро талаб намуда, ташвишҳои дигарро барои кормандони мо эҷод мекард. Бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» ин мушкили моро осон намуд»,- гуфт Парвизи Зубайдулло.
Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки баъди пахши ҳар аксу навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода, камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро ислоҳ менамоянд.
Ҳамчунин сокинони пойтахт метавонад, ки дар сурати қатъ гардидани қувваи барқ, интиқоли об ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қубурҳои обгузару обпарто (канализатсия) ба навбатдорони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тавассути рақамҳои 223-22-14 (шаҳри Душанбе), ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 2-21-06-43, Сино 2-35-99-92, Шоҳмансур 2-21-07-61 ва Фирдавсӣ 2-33-67-20 ва ба КВД «Обу корези Душанбе» бо рақами 2-22-20- 18 муроҷиат намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






