ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 ноябр, якшанбе, 316-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 49 рӯзи дигар боқӣ мондааст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2017/09/SHukuh22-e1504669211289.jpg)
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод» — и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.
***
8 сол қабл, 12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ барои ғалаба дар чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.
12 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.
***
Дар Эстония –Рӯзи падар (якшанбеи дуюми моҳи ноябр).
***
Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
12 ноябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расида буд.
***
12 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният» Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 1984 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия конфронси Созмони ваҳдати Африқо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо баргузор гардида буд.
***
12 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1970 дар Ҳиндустон ва Покистон дар натиҷаи шадидтарин тундбоди асри XX зиёда аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.