ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 ноябр, душанбе, 317-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 48 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 13, 2017 08:22

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

13 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, Сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуда, дар он масоили вобаста ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғунро баррасӣ намуданд.

***

85 сол муқаддам, 13 ноябри соли 1932 дар Тоҷикистон расадхонаи астрономӣ таъсис дода шудааст.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2008 дар Тоҷикистон сомонаи иттилоотии «Помир Медиа» www.pamir-media.tj  таъсис дода шудааст.

 13 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии нобиноён.

***

Дар Россия — Рӯзи қӯшунҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ.

 РӮЙДОДҲО:

13 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми ғояи миллӣ» ҳамоиш баргузор гардида буд.

***

13 ноябри соли 1945 Панама ва Эфиопия ба узвияти СММ пазируфта шуданд.

***

35 сол пеш аз ин, 13 ноябри соли 1982 Президенти вақти ИМА  Р. Рейган таҳримҳои зидди Иттиҳоди Шӯравиро ки баъди дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон намудан  ҷорӣ шуда буданд, бекор кард.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1993  дар Африқои Ҷанубӣ созишнома дар бораи маҳдуд кардани интихобкунандагон бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1851 миёни Лондон ва Париж фаъолияти телеграфӣ оғоз гардидааст.

***

Соли 1997 дар Ҳиндустон галстуки дарозтарин дар таърихи ҷаҳон бароварда шудааст, ки 80 метру 47 сантиметр дарозӣ доштааст.

 

 

 

Ноябрь 13, 2017 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст