ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 ноябр, чоршанбе, 319-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 46 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 15, 2017 08:14

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

15 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити умумиҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ба Ҷумҳурии Тунис сафар карда буданд.

***

83  сол муқаддам, 15 ноябри соли 1934 дар шаҳри Душанбе корхонаи мошинтаъмиркунӣ ба фаъолият оғоз намуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1936 аввалин маротиба пахши телевизионии бозии футбол миёни дастаҳои футболи Германия ва Италия ба роҳ монда шуда буд.

15 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумироссиягии даъватшавандагон.

***

Дар Бразилия- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи асъори миллӣ.

***

Дар Фаластин – Рӯзи истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

 15 ноябри соли 1946 Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ матн ва оҳанги Суруди миллии Тоҷикистони Шӯравиро (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) тасдиқ карда буд.

***

15 ноябри соли 1926 дар Ню-Йорк ширкати Эн-Би-Си пахши барномаҳояшро оғоз намуда буд.

***

61 сол пеш аз ин, 15 ноябри соли 1956 дар Миср қувваҳои ҳарбии СММ фуруд омада буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Конститутсияи нави Юнон ба амал баромад, ки озодии шахсро маҳдуд мекард.

***

15 ноябри соли 1993 дар Қазоқистон асъори миллии тенге ба муомилот бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1837 дар Англия аввалин китоби дарсии стенография (усули тез навиштани нутқ бо аломатҳои махсус)  ба нашр расид.

 ***

Соли 1995 дар Тайланд дарозтарин парчам дар ҷаҳон омода гардид, ки наздик ба 8 километр дарозӣ дошт.

Ноябрь 15, 2017 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст