ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 ноябр, ҷумъа, 321-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 44 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 17, 2017 08:19

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

17 ноябри соли 2009 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии
тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд.

***

5 сол пеш,  17 ноябри соли 2012 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид: акнун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе амфитеар ба истифода дода шуд.

17 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ.

***

Дар Чехия – Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия.

РӮЙДОДҲО:

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми шӯрои мазкур баргузор гардида буд.

 ***

17 ноябри соли 1869 маросими ботантанаи кушодашавии канали дар ҷаҳон машҳури Суетс баргузор гардида буд.

***

124 сол муқаддам, 17 ноябри соли 1893 дар натиҷаи заминҷунбӣ  шаҳри Кучани Туркманистон пурра хароб гардида, зиёда аз 18 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1964 Британияи Кабир  дар бораи манъи содироти яроқ ба Африқои Ҷанубӣ изҳор кард.

***

17 ноябри соли 1971 дар Ирландияи Шимолӣ табаддулоти ҳарбӣ доир гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1966 Комиссияи СММ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (ЮНСИТРАЛ) таъсис дода шудааст.

***

Соли 1988 Беназир Буҳутто сарвазири Покистон таъйин гардид. Вай аавалин зане буд, ки раиси ҳукумати кишвари мусулмониро ба уҳда гирифт.

Ноябрь 17, 2017 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст