ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 ноябр, шанбе, 322-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 43 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
18 ноябри соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори 19 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.
***
18 ноябри соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии корхона санги асос гузоштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бинои нави шифохонаи номдори «Баҳористон» ба истифода дода шуд.
18 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Латвия – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
18 ноябри соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии Маркази фарҳангу маърифатии «Суғд» баргузор гардид.
***
134 сол пеш аз ин, 18 ноябри соли 1883 дар ИМА тарзи ягонаи ҳисоби соат ҷорӣ карда шудааст (то ин вақт ҳар шаҳр соати худро танзим мекард).
***
Дар ин рӯзи соли 1991 Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардидааст.
***
18 ноябри соли 1992 дар таърихи Канада калонтарин амалиёти муҳосираи ҳавопаймо гузаронида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 4 ҳазору 300 килограм маводи сахттаъсири мухаддир (кокаин) мусодира гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1994 дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии «Дайдҷест-пресс» таъсис дода шудааст.