ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 ноябр, панҷшанбе, 306-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 59 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 2, 2017 08:19

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

2 ноябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтер доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифта буд.

***

4 сол пеш аз ин, 2 ноябри соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум (11 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе) фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1940 дар Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи сержанти хурд ҷорӣ карда шуд.

2 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг.

***

Дар Мексика ва Эквадор — Рӯзи ёдоварӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва 12 ташкилоти донорӣ стратегияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1953 дар Покистон Ассамблеяи конститутсионӣ дар бораи эълон кардани Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор қабул кард.

***

39 сол муқаддам, 2 ноябри соли 1978 Ҷумҳурии Доминикан истиқлолияти комил ба даст овард.

***

2 ноябри соли 2016 дар Минск дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзӯи «Оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо, Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва оид ба масоили бехатарии Аврупо» байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машварат баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1903 аввалин шумораи рӯзномаи англисии «The Daily Mirror» нашр шудааст.

***

Соли 2004 дар Арабистони Саудӣ аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон баландтарин масҷиди 180-метра дар 77-ум ошёнаи бурҷи  Эр-Риёд сохта шуда буд.

Ноябрь 2, 2017 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст