ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 23 ноябр, панҷшанбе, 327-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 38 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 23, 2017 08:20


Тақвими моро дар ин гӯша
 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок» -ро ба имзо расонида буданд.

***

2 сол пеш, 23 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои доимӣ, аъзои Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли 2015 мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар ҷаласаи Шӯрои амният баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Молдова асъори миллии худро бо номи лей ба муомилот бароварда буд.
        


23
НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.

***

Дар Япония – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.


РӮЙДОДҲО:

23 ноябри соли 1877 ИМА ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 млн доллар пардохт кард.

***

94 сол муқаддам,  23 ноябри соли 1923 Ҳизби коммунистии Германия баста шуда буд.   

***

Дар ин рӯзи соли 1939 дар Германия  барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.

***

23 ноябри соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

***

23 ноябри соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин намоиши байналмилалии саноати хӯроквории «Inter Food Tajikistan — 2006» баргузор гардида буд.

***

Соли 1998 дар шаҳри Бирмингеми Англия  аввалин оркестри  мусиқии калонтарин дар таърих, ки аз 3503 нафар мусиқинавоз иборат буд, ҳунарнамоӣ карда буд.

Ноябрь 23, 2017 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст