ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 25 ноябр, шанбе, 329-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 36 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, суханронӣ карда буданд.
***
7 сол пеш аз ин, 25 ноябри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон, аз ҷумла, дар чаҳорчўби Чоргонаи Душанбе, яъне давлатҳои Тоҷикистон, Россия ва Афғонистону Покистон баррасӣ гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ба имзо расида буданд.
25 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
***
Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
25 ноябри соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.
***
150 сол муқаддам, 25 ноябри соли 1867 Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ карда буд.
***
Дар ин рӯзи соли 1967 Кипр ба СММ бо дархосте муроҷиат карда буд, ки барои ба ҷазира зада даромадани Туркия роҳ надиҳанд.
***
25 ноябри соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуда буд.
***
25 ноябри соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дода буд.