ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 ноябр, панҷшанбе, 334-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 31 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
30 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.
***
30 ноябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардида буд.
30 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот.
***
Рӯзи байналимилалии ҳайвоноти хонагӣ.
***
Дар Яман –Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
30 ноябри соли 2016 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» симпозиюми илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
***
30 ноябри соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
141 сол муқаддам, 30 ноябри соли 1876 соҳибкор ва ихтироъкор Павел Николаевич Яблочков барои ихтироъ кардани трансфроматор патент ба даст оварда буд.
***
Дар ин рӯзи соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.
***
30 ноябри соли 1966 Барбадос соҳибистиқлол шуда буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид. (Шотландия — Англия 0:0).