ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 ноябр, шанбе, 308-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 57 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
4 ноябри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз 1 январи соли 2005 баланд бардоштани андозаи маоши ҳадди ақал ва нафақа то 12 сомонӣ фармон имзо карда буданд.
***
7 сол қабл, 4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалӣ «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуда буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардида буд.
4 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мардон.
***
Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.
РӮЙДОДҲО:
4 ноябри соли 2014 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд.
***
4 ноябри соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд «Таъбири хоб» нашр шудааст.
***
50 сол муқаддам, 4 ноябри соли 1967 манораи телевизионии Останкино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1977 СММ таҳвили силоҳро дар Африқои Ҷанубӣ қатъиян манъ кардааст.
***
4 ноябри соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардида буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемиёт)-ро ихтироъ кардааст.