АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Директори Маркази исломшиносӣ Ф. Баротзода дар бораи баъзе тағйироти геосиёсӣ дар вазъияти Ховари Миёна ва таъсири он ба Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ “Ховар”/. Дар охири соли 2017 як қатор тағйироти назаррас дар фазои сиёсӣ-иттилоотии кишварҳои Ховари Миёна ба вуҷуд омаданд, ки дидгоҳи коршиносонро дар бораи дурнамои ояндаи минтақа то андозае дигаргун сохтанд. Дар ин бора мулоҳизаҳои директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДАро пешкаши хонандагон менамоем.
Қобили ёдоварист, ки дар Паёми гузаштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои ҳассоси вазъи ҳаёти динии кишвар, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ғамхории холисона зоҳир намудан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ дастуру супоришҳои судманд ба таври барномавӣ таҳия шуда буд. Ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар соле, ки сипарӣ мешавад, барои таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди мафкураи созанда, тақвияти ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ корҳои шоистаи таҳсин анҷом пазируфтанд.
Таҷрибаи рӯзгор собит намуд, ки дуруст ба роҳ мондани муаррифии фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ барои ҷаҳониён фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодиро дар қаламрави кишвар қавӣ мегардонад ва дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад. Дар натиҷа имиҷи байналмилалии ҷумҳурӣ ба ваҷҳи писандида тағйир меёбад ва таъсиргузории омилҳои берунӣ ба маротиб коҳиш меёбад.
Ба андешаи мо, дар соли 2017 чанд самти калидии муносибатҳо дар фазои геосиёсии минтақа рӯйи кор омаданд, ки дар муайян кардани ояндаи консепсияи ҷангу сулҳ нақши муҳим доштанд:
- Муборизаи идеологӣ ва амалиёти ҷангӣ дар минтақаи Ховари Миёна ду блоки кишварҳои манфиатдорро ба вуҷуд овард: ИМА, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ; ФР, Туркия ва Эрон. Муносибати ҳар яке аз инҳо доир ба мубориза бо экстремизму терроризм, афрод ва созмонҳои дар амалиёти тахрибкорӣ дастдошта, ҷангу сулҳ, дурнамои иқтисодиёт ва ҳамгироӣ дар минтақа аз ҳамдигар тафовут доранд. Ҳамчунин буҳрони Яман аз нигоҳи иқтисодӣ боиси гарм шудани бозори хариду фурӯши силоҳ гардидааст.
- Вазъияти сиёсӣ дар Ироқу Сурия ва ҷанг бо ДИИШ низ гӯё ба марҳалаи ҷамъбастӣ наздик мешавад. Артиши Ироқ бо дастгирии ИМА ва неруҳои Корпуси посдорони инқилоби исломӣ Мавсил ва дигар шаҳру мавзеъҳоро озод карда, аз тариқи шаҳри Абӯкамол дар шарқи Сурия ҷангиёнро маҷбур сохтанд ба вилоят (муҳофаза)-и Дайру-з-зур ақибнишинӣ кунанд. Баромад аз роҳи Абӯкамол муқовимати артиши ҳукуматии Сурия ва неруҳои ҳампаймони онҳоро барои шикаст додани зерсохторҳои мавҷудаи ДИИШ пурзӯр кард. Торумор шудани дастгоҳи низомии созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” амалан ба пайвастани камарбанди ҷойҳои будубоши шиатаборон то қисматҳои ҷанубии Лубнон имкон фароҳам овард. Дар зери зарбаҳои ҳалокатбор ҷангиёни “Давлати исломӣ” ба кишварҳои гуногун паҳн шуданд.
Вазъияти нав ба амаломада чанд раванди фаъолшавии сиёсӣ дар минтақаро рӯйи кор овард. Масъалаи раъйдиҳӣ оид ба истиқлолияти Курдистон як лаҳза ҳамаи кишварҳои минтақаро ба ҳам муттаҳид кард, вале масъала зуд бартараф шуд ва ҳамаи кишварҳои минтақа бо як овоз бар зидди соҳибихтиёрии Курдистон баромаданд; тағйир ёфтани таносуби қувваҳо дар майдони амалиёти ҷангӣ якбора се проблемаи ҷиддӣ – дурнамои сохти федералӣ дар Ироқ, ояндаи сохтори сиёсӣ дар Сурия (Конгресси муколамаи миллӣ дар Сочи ва ташкили иттиҳоди мухолифини Сурия дар ар-Риёз) ва буҳрони сиёсӣ дар Лубнонро бо изҳороти таҳдиди истеъфои Ҳарирӣ расонаӣ кард. Пешниҳоди дидгоҳи ҷонибҳои манфиатдор дар бораи ояндаи минтақа аз он дарак медиҳад, ки талош ва ихтилофи назарҳо дар бораи ояндаи сулҳофаринӣ дар кишварҳои ҷангзада саҳлу осон нахоҳанд буд.
- Арабистони Саудӣ дар тӯли ин сол дар ҳолати гирифторӣ ва идома ёфтани амалиёти ҷангӣ бо Яман боқӣ монд. Тасарруфи ҳокимияти сиёсӣ аз ҷониби ҳаракати ҳусиёни Яман ва кушта шудани президенти собиқи кишвар Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ вазъияти амалиёти ҷангиро боз ҳам пуршиддат кард, ҳолати иҷтимоии мардум ва расонидани ёриҳои инсондӯстона ба онҳоро тамоман имконнопазир гардонид. Таҳлилҳои коршиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муқовимати тарафҳои даргир, фавти аҳолии осоишта ва хароҷоти ҳарбии кишварҳои пуштибони онҳо хусусияти буҳронӣ касб намуда, нишондоди рақамҳои омории буҷаи низомӣ дар минтақа ташвишовар шуда истодааст. Таъсири манфии вазъияти ҷойдошта ба ҳолати муътадили захираҳои асъорӣ ва тиллоии кишварҳои калидии минтақа эҳсос мешавад ва идома ёфтани амалиёти ҷангӣ дар ин самт оқибатҳои нохуб хоҳад дошт. Дар бархӯрдҳои ҷангӣ то ҳол ҷавонони гумроҳи кишварҳои мусулмонӣ бо роҳи фанду фиреб ва ваъдаи пули ночиз ҷалб мешаванд. Ҷангиёни “пароканда лашкари” созмони “Давлати исломӣ” ба кишварҳои гуногун фирор карда истодаанд, ки барои амнияти ин кишварҳо мушкилоти зиёде ба бор хоҳанд овард. Як қисмати онҳо аз тариқи минтақаи биёбонии Воҳоти Миср ва бандарҳои Туркия ба ҷануби Либия ворид шуда истодаанд, ки эҳтимоли ба нуқтаи даргириҳои оянда мубаддал шудани ин кишварро афзун месозад.
- Аммо дар меҳвари асосии нооромиҳо манфиатҳои иқтисодӣ меистад. Лоиҳаи “Набукко” – “Ҷараёни Ҷануб” – “Гази Қатар ба Аврупои Ғарбӣ” бархӯрди бозингарони минтақавӣ ва ҷаҳониро то ба ҷангҳои тӯлонӣ кашонид. Нархи нафту газ поин рафт ва то чӣ андоза фоиданоку бехатар будани лоиҳаи ёдшуда ширкатҳои аврупоиро ба андеша фурӯ бурд. Рақобати шадид дар масъалаи бунёди лӯлаҳои интиқоли газ ба Аврупо ва Чин кашфиёт, сохтмон ва татбиқи “Ҷараёни Шимол”, “Ҷараёни Ҷануб” ва лоиҳаи “Сила Сибири”-ро рӯйи кор овард ва кишварҳои Россияву Туркияро ба бозингарони меҳварии сиёсати энергетикӣ табдил дод. Акнун Эрзуруми Туркия меҳвари қавии газтақсимкунӣ шуда истодааст. Гуфтушунидҳо дар бораи пайвастани хатсайри Боку, аз як тараф ва “Ҷараёни Ҷануб”-и Россия, аз тарафи дигар, ба Эрзурум ва часпонидани давоми хатти лӯлаи интиқоли газ то ҷануби Юнон аз нав хусусияти воқеӣ касб мекунанд. Дар айни замон нақши Украина дар масъалаи интиқоли газ ба Иттиҳоди Аврупо заиф гардидааст. Илова бар ин, шелфи баҳрии Леванта дар соҳилҳои Сурия ва лоиҳаи истеҳсолии Шимол – Порси ҷанубӣ дар обҳои баҳрии Қатару Эрон ҳамчун минтақаҳои захираи бузурги гази ҷаҳонӣ муборизаи қудратҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳонро аз пештар бештар кардааст. Бояд донист, ки зӯрони ҷаҳон барои расидан ба ҳадафҳои худ ба ҳама кор қодиранд ва ин мубориза барои ҳаёту мамот хоҳад буд.
- Дар раванди таъмини амнияти энергетикӣ ҳама гуна роҳу усул, аз ҷумла, истифодаи ниҳодҳои норозӣ қобили қабул дониста мешавад. Дар ояндаи наздик, ба андешаи мо, ҷалби ҳизбҳои норозии дорои хусусияти динӣ ва неруҳои размандаи онҳо дар пиёда намудани ҳадафҳои геосиёсӣ созгор боқӣ хоҳад монд. Созмонҳои сиёсии “ҷабрдида” ҳам бо номҳои пешина ва ҳам дар симои нав зуҳур карда метавонанд. Масалан, дар қисмати шимолии Сурия ниҳоди даъвогари ба тозагӣ таъсисёфта бо номи “Артиши нави Сурия” аз фаъолияти худ барои муайян кардани сарнавишти ояндаи ин кишвар дарак дод. Эҳтимоли ғолиб он аст, ки ташаббуси таъсис ва дастгирии ин қабил ниҳодҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ ҳам дар оянда роҳандозӣ шавад.
Чунин раванди номатлуб касб намудани тағйироти геосиёсӣ аҳамияти зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллиро дар матни фазои иттилоотӣ ва амниятии ҷумҳурӣ тақозо мекунад. Ин нукта моро ҳушдор медиҳад, ки тамоми саъю талош ва имконияту захираҳои мавҷударо ба он равона созем, ки барои андешаву ҷаҳонбинии нохуб дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳе боқӣ намонад. Зеро тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 воқеъбинона таъкид гардида буд, ҳадафу ниятҳои нопоки бадхоҳони миллати тоҷик то ҳанӯз “ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ” боқӣ мондааст.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон