Дар Душанбе ҳолатҳои истифодаи бемеъёру исрофшавии барзиёди неруи барқ ошкор гардиданд

Декабрь 13, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 13.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистон ва истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ дар бозору марказҳои савдо, корхонаю муассисаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои тарғиботиву ташвиқотиро боз ҳам пурзӯр намуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни  баргузории корҳои мақсадноки шабонарӯзии кормандони ин хадамот  муайян карда шуд, ки новобаста ба корҳои профилактикӣ- фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои доимӣ риоя нашудани талаботи истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Масалан, дар ҳаммоми кӯчаи Абай 1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мансуб ба Сулаймон Чолов чунин ҳолат ошкор карда шуд.

Дар иншооти мазкур ба ҷойи истифодаи ангишт дар 3 адад буғхонаҳои ҳаммом аз спиралу таҷҳизоти баландшиддати истеъмолкунандаи қувваи зиёди барқ ва фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода карда мешуд. Чунин ҳолат дар ҳаммоми кӯчаи Гипрозем 36-и ноҳияи Сино ҳам ба чашм мерасад. Дар тарабхонаи «Сапеда» низ мансуб ба соҳибкор Сайлигул Муродова, воқеъ дар кўчаи Испечак-2, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба замми истифодаи фурӯзонакҳои тафсону спиралҳои баландшиддат, тартиби истифодаи зарфҳои гази моеъ низ бар хилофи талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ба роҳ монда шудааст, ки чунин хунукназарии соҳибкор на танҳо эҳтимоли хавфи ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор, балки таркиши зарфҳои гази моеъро ҳам дар пай дошт. Сайлигул Муродова ба меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор умуман диққат надода, дар тарабхонааш ягон адад оташхомӯшкунак ҳам мавҷуд набуд.

Вобаста ба далелҳои ҷойдошта нисбат ба роҳбарону масъулони дахлдор аз тарафи гурӯҳи кории Хадамоти мазкур санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои муваққатан қатъ гардонидани фаъолияти иншооту коргоҳҳои номбурда қарорҳои дахлдор бароварда шуданд.

Истифодаи мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир кардани баъзе шаҳрвандон ва дидаю дониста ба исрофкорӣ ва дуздии қувваи барқ даст заданашон боиси    нигаронист.

Декабрь 13, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст