Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» Андрей Климов доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории ҳизбҳоро, ки тибқи Созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ аз соли 2017 байни ду ҳизб амал мекунад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ ва дигар масъалаҳои рушди дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






