РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 15, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода иброз дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳимми иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад.

«Дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ иҷро кардааст»,-гуфт Раиси Суди конститутсионӣ.

Иброз гардид, ки тоҷикон бо дарки он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили сулҳу субот, рушди Ватан ва ба сифати рукни меҳвари устувори давлату ҷамъият баромад мекунанд, дар ҳамин марҳилаи тақдирсози мураккаби буҳрони ҷаҳонӣ дар атрофи сиёсати созандаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид шудаанд. Онҳо  омодагии худро барои ҳифзу ҳимояи марзу бум, дастовардҳои таърихӣ ва комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бо меҳнату эҷод ва зоҳир намудани ҳувияти баланди хушиносию ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ нишон медиҳанд.

АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд