ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АРЧАИ АСОСИИ СОЛИНАВИИ МАМЛАКАТ УСТУВОР КАРДА ШУД. Душанбегиҳо соли нави мелодиро бо барномаҳои фарҳангӣ ва мушакпаронӣ ҷашн мегиранд

Декабрь 8, 2017 10:59

ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар маркази майдони «Дӯстӣ»,  дар рӯ ба рӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 25 метр  қомат афрохт.  Дар назар аст, ки то 10  декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»    айни ҳол ба ороиши  ин арчаи идона машғул ҳастанд.

Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, арчаи солинавӣ бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин  арчаи идона  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ    фарқ хоҳад кард.    Хусусан  шабона бо фурӯзон  гардидани  чароғакҳои рангаи он  арчаи солинавӣ боз ҳам диққатҷалбкунанда мегардад. Корҳои орошии арчаи идона ҳанӯз ба анҷом нарасида бошанд ҳам, сокинону меҳмонони  пойтахт аз назди он бетавофут гузашта наметавонанд. Онҳо тавассути телефонҳои мобилӣ арчаи солинавиро бо шавқ аксбардорӣ мекунанд.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои   бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт, аз ҷумла, дар Боғи «Дӯстии халқҳо» ва назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  низ арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади таҷлили  Соли нави мелодии 2018 дар пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Санъаткорону ҳунармандон бо суруду таронаҳои нав баромад намуда, баъди анҷоми  ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав  мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки  ҷашни  Соли  нави мелодӣ  таърихи  куҳан дошта,   дар қисмати зиёди ҷаҳон  онро  таҷлил менамоянд.  Он  аз  дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар  якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали  таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ  ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ  ҷашн гирифта мешавад.

Декабрь 8, 2017 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид