Дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вусъати корҳои ободонию навсозӣ дирӯз дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид.
Сараввал Рустами Эмомалӣ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои таъмиру навсозии пули роҳи оҳан (километри 4681 пикети 6 фосилароҳи Душанбе-1 — Душанбе-2) оғози расмӣ бахшид.
Пули мазкур солҳои 20-уми асри гузашта (1929) бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардидаву бори охир соли 1978 таъмир шудааст. Бо гузашти солҳо пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд. Лоиҳаи бозсозии пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳа инвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насбро дар ин иншоот КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бар уҳда гирифтааст.
Тибқи лоиҳа навсозии пули роҳи оҳан, панҷараҳо ва қисмҳои дигари он бо тарҳу намуди нав ва бо истифода аз масолеҳи хушсифат таъмиру тармим гардида, тавассути воситаҳои равшанидиҳандаи гуногун оро дода мешаванд.
Дар ҳамин ҷо ба Раиси шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр муаррифӣ карда шуд. Лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии 53 то 60 метр бо инобати 8 хати ҳаракат, хати марказии ҷудошаванда ва чорроҳаҳои дусатҳа, роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳабибулло Назаров аз кӯчаи Ҳуснобод то хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо дарозии 1 (як) километр ва паҳноии 25 метр, роҳи автомобилгард аз кӯчаи Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаи Низомии Ганҷавӣ бо дарозии 0,94 километр ва паҳноии аз 27 то 43 метр ва роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров бо дарозии 0,8 километр ва паҳноии 65 метр баҳри пайваст намудани чаҳор қисмати шаҳр тавассути роҳҳои мустақими транзитӣ, ки барои аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва коҳиш додани ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳр нақши муҳим мегузоранд, тарҳрезӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки зимни татбиқи онҳо тамоми талаботи технологӣ, қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба инобат гирифта, ҳангоми навсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва паҳноии роҳ диққати махсус диҳанд.
Дар ин рӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншооти мазкур соли 1929 бунёд шуда, бори охирон соли 1978 таъмир гардида буд. Вале бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.
Лоиҳаи навсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зиннат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд.
Ҳамчунин атрофи пул пурра навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар чаҳор ҷониби он зинаву роҳравҳо бозсозӣ шуда, майдони 500 метри мураббаъ бо сафолакҳои бетонӣ рупӯш гардидааст. Қисмати поёни он бо масолеҳи ороишӣ рӯпӯш, асосҳо ва сутуни такягоҳи пул низ бо санги хоро зиннат дода шудаанд, ки масоҳати умумии он 450 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои ороишӣ дар қисмати поёни пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.
Дар ҷараёни боздид аз иншооти мазкур Раиси шаҳр ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин ва дигар иншооти шаҳри Душанбе бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобати фароҳам овардани шароити шоистаи зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати тавсеаи корҳои созандагӣ дар чаҳор қисмати пул тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд ва бо дарназардошти корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист маъракаи ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва сабзазоркуниро вусъат бахшида, ҷиҳати тозаю зебо нигоҳ доштани гулгаштҳо, кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои саривақтӣ андешанд ва камбудиву норасоиҳои мавҷударо сари вақт бартараф намоянд.
Бо вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ пойтахти мамлакат симои худро комилан тағйир дода, дар баробари зебову назаррабо гардидани кӯчаву маҳалла ва хиёбону гулгаштҳои сершумор, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.












«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






