ФУТБОЛ: Манучеҳр Ҷалилов ба дастаи наваш дар нахустин бозӣ 4 гол туҳфа намуд!
ДУШАНБЕ, 30.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бозингари шинохтаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва собиқ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки чанде пеш шомили дастаи футболи «Шривиҷая»-и Индонезия гардид, дар нахустин бозии хеш ба задани 4 гол мушарраф шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Манучеҳр Ҷалилов дар бозии дӯстона ба муқобили дастаи футболи «Бина Читрал Андаран» муаллифи 4 гол шуд.
Бояд зикр кард, ки бозии мазкур бо ҳисоби калони 8:0 ба нафъи дастаи футболи «Шривиҷая» хотима ёфт. Акнун ин натиҷа нишон медиҳад, ки ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалиловро мавсими пургол ва бобарор дар пеш аст.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






