Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст масъала «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» баррасӣ гардид.
Сипас, дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Дар бораи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» гузориши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Ҳамчунин дар кори маҷлис аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ирсол карда шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои таъсиси чор ниҳоди нав, аз ҷумла, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи Воҳиди Давлатии Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи хадамотҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи таъсиси ҳамаи ниҳодҳои нав ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати қатъӣ аз рӯи воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии инсон зараровар, маводи доруворӣ ва беҳдошти фаъолияти озмоишгоҳҳо мебошад. Дар робита ба ин Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар сохторҳои нав ed-inform.net баландихтисоси ин соҳаҳо ба кор ҷалб карда шаванд.
Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба ҳарчи зудтар таҳия кардани Нақшаи чорабиниҳо ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас доданд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар пойтахти мамлакат, таъсиси ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал, намоиш- фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, таъмини пурраи аҳолӣ бо гармӣ, неруи барқ ва маводи ғизоӣ дода шуд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






