ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 13 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст.
«Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 10-15, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад»,-афзуд манбаъ.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10, дар баъзе ҷойҳо то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






