РУСТАМИ ВАҲҲОБ: «ЗАБОН АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ»

Декабрь 23, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 23.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Мақолаи президенти АИ Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ «Забони миллати тоҷик — забони тоҷикист!», ки АМИТ «Ховар» нашр намуд (ниг.: www.Khovar.tj, 14 декабри соли 2017),  миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ боиси мубоҳиса ва мунозараи васеъ гардид. Ағлаби онҳое, ки бо ҳам баҳс оростаанд, аз мавқеи академик Фарҳод Раҳимӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳоло як мақолаи дигарро бо номи «Забон асоси ҳастии миллат аст», ки ба қалами яке аз забоншиносони маъруфи кишвар, сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб тааллуқ дорад ва  далели нишонаи ҳувияти миллӣ будани забони тоҷикиро  собит месозад,   пешкаши хонандагон менамоем. Ин мақола се сол пеш дар «Садои Шарқ» ба табъ расидааст.

Бисту се сол аз замони эълони  Истиқлолияти Тоҷикистон  сипарӣ мегардад. Дар ин муддати аз назари таърихӣ кўтоҳ тағйироти мушаххасе дар тамоми соҳаҳои зиндагии иҷтимоии кишварамон ба назар мерасад. Ин тағйиру таҳаввулот, албатта, дар забони мо, ки чун забони давлатӣ аз соли 1989 бар маснади шоиста ва пурифтихори худ барқарор гардид, инъикос ёфтааст. Ҷойи ниҳон  доштан нест, афроде ҳастанд, ки ба назари онҳо дар ин замон забони адабии тоҷик танҳо коҳиш ёфта ва аз асолати худ дур гардидааст, унсурҳои ғайриадабӣ ва ба назари баъзеҳо унсурҳои ғайритоҷикӣ дар он нуфузи бештар пайдо намудаанд. Аммо агар бо дидаи таҳқиқ ва одилона ба ин масъала назар карда шавад, ба равшанӣ ошкор мегардад, ки дар ин давра забони тоҷикӣ ба таври бесобиқа рушд намуда ва бештар пурбору коромад гардидааст. Даҳҳо ва шояд садҳо калимаҳо ва истилоҳоти хориҷӣ ва бегона ҷои худро ба калимаҳои тоҷикӣ додаанд, мардуми саросари кишвар ба ин калимаҳо ва истилоҳоти худӣ одат кардаанд, яъне онҳо ҷузъи саводи умумӣ гардидаанд. Аз ҷумла забони матбуоти мо, бо таваҷҷўҳ ба намунаҳои беҳтари он, имрўз таврест,ки баъзан бидуни ҳеч навъ таҳриру тасҳеҳи хос дар доираи забони матбуоти ҳамзабононамон интишор меёбад, мақолаҳо ва таҳқиқоти донишмандонамон ҳамчунин. Дар ин замина шояд намунаи беҳтарин матолиб ва суханрониҳои мақомоти олии расмии кишварамон бошад, ки воқеан рушди забони адабии моро дар ин марҳала таҷассум менамояд. Осори шоирон ва нависандагони муваффақи мо имрўз дар фазои умумии ҳамзабонон интишор меёбад. Дар айни ҳол бояд таъкид намуд, ки ҳифзи вижагиҳои хосси забони тоҷикӣ дар баробари фарогир кардани он яке аз вазифаҳои муҳимтарин шинохта шудааст ва адои ин вазифаи муқаддас, ҳамон тавре ки аз тарафи устод Айнӣ дар нахустин давраҳои баҳс бар сари гузиниши забони меъёр дар оғози қарни 20 тарҳ гардида буд ва минбаъд ин дидгоҳ аз ҷониби маъруфтарин донишмандони кишварҳои ҳамзабони мо ва ҳамчунин ховаршиносони сатҳи ҷаҳонӣ мавриди ҳимоят қарор гирифт,  яке аз муҳимтарин корҳо мебошад. Эҳё ва густариши дороиҳои забони тоҷикӣ на танҳо ба суди тоҷикистониён, балки ҳамаи ҳамзабонони мо дар ҷаҳон мебошад.

Гузашта аз ин, забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қавмият ва дар ниҳоят кишвар аст, агарчи гоҳо дар ин қоида истисное ҳам ҷой дорад, ба ҳар сурат асли қазия чунин мебошад. Бино бар ин забони тоҷикӣ бо он ки истилоҳи маслиҳатист ва бо ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, бар пояи ин асл устувор ва илман саҳеҳ мебошад ва метавонад барои таъйини забони ҳамаи осори куҳан ва наве, ки онро дарӣ ва порсӣ ҳам меномем, ба кор гирифта шавад, чун дар матни ҳамин осор вожаи «тоҷик» фарогири ҳамаи ақвоми даризабон ва порсизабон мебошад. Дар қадим будан ва асолат доштани истилоҳи «тоҷик» ба унвони номи як миллати муаззам ва куҳанбунёд ҳеч шакку тардиде нест ва таҳқиқоти пуршумори донишмандони дохиливу хориҷӣ, ки устод Айнӣ аз ин зумра мебошад, ин ҳақиқатро ба субут расонааст. Ҳамчунин ба номи миллатҳо ва ақвом айният ёфтан ва ҳамгун шудани номи забонҳояшон як воқеияти инкорнашуданист. Тавре ки маълум аст, истилоҳи «забонҳои эронӣ» дар илми забоншиносӣ як истилоҳи роиҷ ва пазируфташуда мебошад. Дар айни ҳол вожаи «тоҷик» дар матни таърих, фарҳанг ва адабиёти беш аз ҳазорсолаамон яке аз истилоҳоти таъйинкунандаи нажоди ориёӣ дар баробари ақвоми ғайриориёӣ, аз ҷумла румиву тозиву турк будааст, ки ин маъно аз байти зерини Саъдии Шерозӣ равшан аст:

Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,

Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.

Ин истилоҳ («тоҷикӣ») дар ҳоле ки ҳамзамон худвижагии миллии моро дар бар мегирад ва барои тоҷикони кишварҳои ҳамсоя низ  метавонад пазируфтанӣ бошад. Барои як сў ниҳодани сўитафоҳумҳо ва ихтилофоти бесуди назарӣ сари баҳси истилоҳот танҳо кофист ин аслро зеҳнан, ва ҷойе ҳам ки лозим аст, ба сурати навишта ва расман ёддошт намоем, ки тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ номҳои як забон ҳастанд. Бо баёни ин нукта, албатта, худвижагӣ ва имтиёзоти ҳар яке аз ин мафҳумҳо инкор намешавад, вале дар айни ҳол масоили зиёде, аз қабили тасдиқи муштаракоти воқеӣ, ҳаққи воқеии мо ба адабиёте, ки дар ҷаҳон умдатан бо унвонҳои порсӣ ва дарӣ ном бурда мешавад, таъкид мегардад. Гузашта аз ин, дар ниҳодҳои пуршумори илмию омўзишӣ, ки дар саросари ҷаҳон мавриди аслии омўзиш ва таҳқиқашон ба истилоҳи «порсӣ» шинохта мешавад, мо саҳми худро ба сурати табиитар пайдо менамоем.  Вуҷуди бахшҳои тоҷикӣ дар баданаи барномаҳои радиёӣ ва телвизиёнии байналмилаллии форсӣ, ишорати сареҳе ба ҳақиқати ин андеша мебошад.

Ин нукта шоёни таваҷҷуҳи махсус аст, ки баҳсу баррасиҳои перомуни таъйини меъёрҳои забони адабии муосири тоҷик дар солҳои аввали пас аз инқилоб дар сатҳ ва фазои муштараки забонӣ бо Эрону Афғонистон сурат гирифтааст. Яъне нависандагон ва донишмандоне, ки дар ин масъала доварӣ бар дўши онҳо будааст, ҳатман уфуқҳои густариш ва короии забони тоҷикиро дар ниҳояти қаламрави ин забон (порсӣ ва дарӣ низ) дар назар гирифтаанд. Аз як тараф ин ҷо маҷоли ёдоварӣ ва иқтибос аз ин баёнот нест ва аз тарафи дигар ин андешаҳо борҳо ёдоварӣ шудаанд ва дар сурати зарурат метавон аз ҷумла ба мақолаҳои марбутаи устод Айнӣ дар ҷилди нуҳуми «Куллиёт»-и ишон (аз с.200 ба баъд) муроҷиат намуд. Ба сурати мухтасар ва фишурда тавсияи устод Айнӣ ин аст, ки дар интихоби меъёрҳо ва моддаи аслии забони адабии муосири тоҷик таваҷҷуҳи асосӣ ба забони зинда ва роиҷе шавад, ки дар рўзгори мардум ҷорист ва агар паҳнаи густариши ин забонро аз назари устод Айнӣ дар ҳудуди ҷуғрофии имрўзӣ дар назар бигирем, тақрибан сартосари Тоҷикистони имрўзиро фаро мегирад.

Назари устод Айнӣ дар ниҳоят ин аст, ки нигориши китобҳо ва матбуоти тоҷик бар асли забони зиндаи мардуми Тоҷикитон дар сурати татбиқи он бо қоидаҳо ва меъёрҳои забони адабиёти қадимамон, воситае мешавад барои эҷоди як забони намуна на танҳо барои тоҷикҳо, балки тамоми порсизабонони ҷаҳон. Дар ҳамин  росто посухи устод Айнӣ ба номаи шахсияти барҷастаи фарҳангии Эрон Алиасғари Ҳикмат, ки пешниҳоди қабули забони матбуоти Эрони он давронро ба унвони меъёри забони адабӣ дода буд, бисёр ҷолиб ва омўзанда аст. Устод Айнӣ таъкид менамояд, ки дар матни худи ҳамин номаи пешниҳодӣ 70 дарсади калимаҳо арабии барои ҳам як эронии одӣ ва ҳам як тоҷики одӣ номафҳум мебошанд. Дар ҳоле ки мақсади мо акси ин аст, яъне забони адабии мо дар баробари он, ки мутобиқ бо меъёрҳои забони осори муштараки куҳани мо бошад, ҳамчунин барои аксари соҳибони ин забон, чи дар Мовароуннаҳр ва чи дар Эрону Афғонистон қобили фаҳм бошад. Мутаассифона, устод Айнӣ имкони ба сурати ниҳоӣ амалӣ кардани ин назарияро дар осори адабии худ надоштааст ва гоҳо бо эродҳои бемаврид ва шояд ҳам муғризона дар ин кор ба вай монеъ мешуданд. Аз ҷумла ба ёд биёред, номаи шикоятомези ўро ба Абулқосим Лоҳутӣ аз қазовати ҷоҳилонаи масъулини Нашриёти давлатии Тоҷикистон нисбат ба забони «Достони Вахш» («Ҷанги Одаму Об»), ки дақиқан эродҳои масъули нашриёт ба ҳамон мавридҳое дахл дорад, ки онҳоро намунаи амалии назариёти устод Айнӣ дар хусуси такмил ва ислоҳи забон метавон номид.

Вале меъёрҳои назарие, ки устод Айнӣ онро муқаррар кардааст, имрўз ҳам асосӣ мебошанд ва ҳар қадр замон мегузарад, воқеият ва ҳаққонияти онҳо бештар падидор мегардад. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Эрону Афғонистон. Танҳо ошноӣ бо ду асари барҷастаи насри бадеии муосири Эрон ҳикояҳои Содиқ Ҳидоят «Меҳанпараст» ва Муҳамадалии Ҷамолзода «Порсӣ шакар аст», кофист, то бидонем, ки ин назари устод Айнӣ дар миёни намояндагони барҷастаи адабиёти асили порсизабон, ки даст рўйи набзи забони зиндаи порсӣ доштанд, чӣ тарафдороне доштааст. Мухтасар, онҳо низ аз муғлақ ва печидаву мураккаб шудани забон ва бегонагии он бо мардум шадидан норозиянд ва тарафдори ба забони зиндаи мардум ҳамоҳанг кардани он мебошанд, забони мардуми одӣ ва бумии кишвари худро ганҷинаи бебадали порсии сара медонанд.

Барои беҳтар шинохтани мавқеъи устод Айнӣ дар ин масъала, мулоҳизаи баҳсҳои намунае аз назариёти ишон дар ин хусус аз фоида холӣ нест. Ин навиштаи устод Айнӣ бисёре аз нуктаҳои баҳсҳои имрўзӣ бар сари забонро фаро гирифтааст ва як сабақи бузурги диққату ҳавсала ва дирояту огоҳӣ дар ҳифзи забон мебошад.

 «Самарқанд, 21 июли 1946

 Фозили муҳтарам, рафиқ Лоҳутӣ!

 … Аз рўйи гуфтаи Камол (Айнӣ), дар байни Шумо ва баъзе эрониён бар болои калимаи «ҷангара» мубоҳаса рўй додааст. Онҳо гўё ба Шумо эътироз мекардаанд, ки калимаи мазкур сирф калимаи тоҷикист, ба забони форсӣ – Эрон ҳеч алоқае надорад.

Фақир ин гуна эътирози ишонро шунида тааҷҷуб кардам. Ҳарчанд дар «Шоҳнома» ва дар дигар ашъори шоирон ва устодони форсизабон диданам ин калимаро дар ёдам нест, аммо бо далелҳои раднопазир исбот карда метавонам, ки ин калима моли холиси умуми форсизабонон аст.

Далели ман ба тарзи зерин аст: ҷойи инкор нест, ки калимаи «ҷанг», ки решаи калимаи мазкур аст, аз рўзи баромадани форсии ҷадид то имрўз ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тўрон кор фармуда шуда омадааст. Инчунин муштақоти калима масалан «ҷанговар», ки исми сифатии мусбати ин калима аст, инчунин «ҷанггоҳ», ки исми макон аст ва инчунин «ҷангҷўй», ки исми сифатии манфии ин калима аст, умумианд.

Акнун мо калимаи «ҷангара»-ро таҳлил карда мебинем: «ҷанггар» монанди «коргар» исми сифатии умумии ин калима аст, ки тамоман ба қоидаи забони форсӣ мувофиқ аст ва ҳар касеро (ки) ҷанг мекунад, «ҷанггар» гуфтан мумкин аст.

Қоидаи дигаре дар забони форсӣ ҳаст, ки мувофиқи он ҳар гоҳ исм ё сифати умумиро ба як чиз ё ба ягон гурўҳ махсус кардан хоҳанд, дар охири он калима часпаки «а» ё «ак»-ро мечаспонанд. Чунончи «девор», ки маънии маълум дорад, вақте ки вайро ба иҳотаи даруни чоҳ ё ба давродаври кўҳ махсус кардан хостанд, «девора» гуфтанд, ки мо ҳеч гоҳ аз ин калима маънии «девор»-и маълумро намефаҳмем ё ин ки калимаи «оташгир» ба ҳар чизу ба ҳар касе, ки қобилияти оташро гирифтан дошта бошад, содиқ меояд. вақте хостанд ин калимаро ба олати оҳанин маълуми оташбардор махсус кунанд, бо иловаи «ак» «оташгирак»  гуфтаанд. Инчунин калимаи тар ба ҳар чизе ки тарӣ, обият дошта бошад, рост меояд. Вақте ки мардум хостанд ин калимаро ба сабзавоти махсус хос кунанд, «тара» гуфтанд.

 Монанди ин калимаи «ҷангара», «ҷангар», ки маънии умумии «ҷангкунанда» дошт, хостанд ба касе, ки бебоис ё бо сабабҳои сохта бо одамон ҷанг мекунад ва ҳамеша барои ҷанг сабабҳо омода менамояд, хос гардонанд, ба охири ин калима часпаки «а»  илова намуда «ҷанггара» — «ҷанг-гара» гуфтанд.

Мувофиқи қоидаи дигари забони форсӣ, ки ҳар гоҳ дар калимаҳои мураккаб ду ҳарф аз як ҷинс ё ду ҳарфи қарибалмахраҷ дар як ҷо оянд, яке аз онҳоро ҳазф мекунанд, чунончи сафедор ба маънои дарахти маълум, ки дар асл «сафеддор» буд ё ин ки «ягона», ки дар асл «як-гона» буд  (яке аз ҳарфҳои «г»-ро ҳазф карда «ҷангара» гуфтанд ва аз ин калима маънии ҷангкунандаи манфӣ – бадро ифода намуданд) тоҷикон ин калимаро чунон ки ба одами ҷангҷўй ба маънои манфияш кор мефармуданд, инчунин ба хурўс, ба тагал (қўч) ва монанди ин гуна парандагон ва ҳайвонот ҳам, ки зиёда ҷангдўст бошанд, кор мефармоянд.

Дар ҳар ҳол ин гуна калимаро, ки ҳеч набошад ҳамаи муштақоташ дар адабиёт ва гуфтугузори ҳамаи форсизабонон кор фармуда мешавад ва сохташ тамоман мувофиқи қоидаи форсист, аз оилаи забони форсӣ бароварда партофтан – дониста ё надониста забони худро танг кардан аст.

Ман дар тааҷҷуб мондам, ки Шумо то ҳол китобчаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў» навиштаи маро надидаед. Ман дар охири ин китобча як қисм луғатҳоеро, ки баъзе эрониён махсуси тоҷикӣ медонанд, аз «Шоҳнома» ёфта дарҷ кардаам, ки аз назар гузаронданаш бефоида нест

 Бо салом ва эҳтиром Айнӣ».[1]

Дар фазои забони  муштарак доварӣ кардан дар хусуси ояндаи забони тоҷикӣ, ҳатто дар мақолаҳое, ки перомуни табдили алифбои форсӣ ба лотинӣ навишта шудаанд, ошкор аст. Аз ҷумла дар мақолаи рўзноманигори маъруфи тоҷик Собит Манофзода «Тоҷикон ва алифбои нав»[2] чунин нигариш мушоҳида мешавад. Дар ин мақола Собит Манофзода яке аз далелҳои зарурати гузариш ба олифбои навро дар он медонад, ки форсизабонони Эрон ва Ҳинд ҳам дар садади гузаштан ба алифбои лотинӣ мебошанд ва модом, ки мо вазифадорем забони муштаракро барои интиқоли афкори пешрафта бо онҳо нигоҳ дорем, бояд пештар аз онҳо ин корро амалӣ созем. Яъне мақсад на ҷудоӣ аз дигар ҳамзабонон, балки ҳамсон будан бо онҳост. Тавре ки медонем, ин пешбинии Собит Манофзода амалӣ нашуд ва порсизабонони Ҳинду Эрон афкори пешрафтаро бо ҳамон алифбои форсӣ (тоҷикӣ) фаро гирифтанд. Аммо муҳим ин нукта аст, ки манзури Манофзода ҳамсон будани забон ҳам дар навиштор ва ҳам дар гуфтор бо ҳамзабонони саросари дунёст ва беш аз ин ҷолиб он аст, ки Манофзода дар таъйини ҳувияти забонии ҳамзабонони ҷаҳон, аз ҷумла Ҳинду Эрон аз истилоҳи «тоҷикизабон» кор мегирад:  «Фақат назарияи мо ин аст, ки Тоҷикистони сурх дар ин роҳ зудтар аз дигар мамлакатҳои тоҷикизабон мувафаққият хоҳад дошт ва барои онҳо намуна хоҳад шуд».

Аз як сӯ захираҳои китобӣ ва зиндаи мардумии забон ва аз тарафи дигар шароит ва фазои муносиби фарҳангию сиёсӣ дар мавриди забон, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, сол ба сол таваҷҷуҳи бештари муҳаққиқон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ)-ро ба Тоҷикистон ҷалб менамояд. Албатта, масъалаи тавонафзоии забон ва поксозию рушди он, пеш аз ҳама бояд бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои дохилии кишвар сурат бигирад ва вижагиҳои хоси забони тоҷикӣ ҳифз шавад, вале дар айни ҳол ин раванд бо густариши доираи мақбулияти забони адабии тоҷикӣ зиддият надорад. Сол ба сол мушоҳида мешавад, ки ҳарчи бештару бештар забони матбуот, адабиёти бадеӣ ва илмии тоҷик, ҳамчунин забони суханрониҳо ва гузоришҳои расмӣ дар дунёи  ҳамзабон ба сурати пазиротар ва ошнотар густариш пайдо мекунад ва аз ҳудуди барномаҳои махсуси хориҷӣ ҳам фаротар меравад, бидуни он ки ҳувияти тоҷикии он коҳиш ёбад. Чунин сурат гирифтани раванди мазкур далели дигарест барои тасдиқи ин ҳақиқат, ки забони адабии тоҷик бар тибқи меъёрҳоест, ки барои ҳамаи ҳамзабонон пазируфтанӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки ҳувияташ бо номи забон муштарак аст, ин як амри табиӣ ва рисолати пурифтихор мебошад.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон ба ҷуз баъзе аз сўитафоҳумҳои дохилӣ, ки ҳосили танҳо завқу салиқаҳои гуногун мебошанд ва як падидаи табиӣ ва ногузир ҳам ҳастанд, ҳеч навъ ситез ва фишори барномарезишуда ва ҳадафманд бар сари забон вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт. Таъкиди ин нуктаи бадеҳӣ ба хотири он аст, ки дар хеле аз маҳдҳои куҳани ин забон ситезҳо ва фишорҳои пайваста то ҳаддест, ки ба қавли раиси муассисаи фарҳангии ЭКО дар яке аз нишастҳои илмию адабӣ дар тобистони соли гузашта, ҳатто ҳодисаи шадидтарин муҷозот барои ҳимоят аз ин забон дар сарзаминҳои куҳани ин забон сурат гирифтааст. Бино бар ин ҳимоят ва пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ имрўз ба яке аз мавзўъҳои меҳварӣ ва аслии адабиёти пойдорӣ (муқовимат) табдил шудааст.

Забони модарӣ, агар хурд аст ё бузург, пурмоя аст ва ё тунукмоя барои ҳар миллате аз муқаддасот аст ва фарзандони худро пеш аз ҳама дар домани он парвариш медиҳад. Дар дунёи муосир касоне ҳастанд, ки барои ояндаи фарзандони худ забонҳои ҷаҳониро барои онҳо чун забони асосӣ интихоб менамоянд. Албатта, ин як иштибоҳи азим  аст, агар касе аз забони модарии худ тамоман сарфи назар намояд, аммо ҳадафи онҳо мушаххас ва маълум аст: ҳарчи беҳтар мусаллат ва мусаллаҳ шудан ба забони ҷаҳонӣ. Аммо зулми чанд баробар аст, агар ҷойе бар фарзандони ин мардум забоне ба зўр бор карда шавад, ки доманаи густариш ва бори маънавию фарҳангии он садҳо ва ҳазорон маротиба камтар аз забони модарии худи онҳо бошад. Аз ин лиҳоз оё кадом забонеро метавон бо забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) иваз кард? Дар кадом забон шумо манбаъҳои илмию таърихию адабии оламшумулеро пайдо мекунед, ки бо умри беш аз даҳасрии худ барои соҳибони имрўзии он забон комилан фаҳмо бошанд ва ба хусус, ки он забон паймонаи муносиби андешаҳои олӣ (дорои рифъат) шинохта шуда бошад?

Порсӣ аз рифъати  андешаам,

Дархўрад бо фитрати андешаам.

(Иқболи Лоҳурӣ)

Агар  сухан сари муосир будан аст, яке аз мизонҳои маъруфи он фазои барномаҳои радиоиву телевизиёнӣ ва ба хусус фазои маҷозӣ (интернет)  мебошад, ки агар ҳардуи ин фазоҳоро низ имтиҳон кунед, уфуқҳои густариши забони модарии мо камтар аз забонҳои ҷаҳонӣ нест.

Мавзўъи дигаре аз матни забон, ки ба ҳувияти миллатҳо робитаи мустақим дорад, мавзўъи ҷойномҳо (топонимика) мебошад. Дар Тоҷикистон пас аз дастёбӣ ба Истиқлол ба ин мавзўъ аҳаммияти хос дода шудааст. Мисли Русия ва дигар кишварҳои Шуравии собиқ бисёр номҳои муваққат бардошта шуда ва номҳои таърихии маҳалҳо барқарор гардидааст, ки қобили таҳсин мебошад. То чи ҳад муҳим будани ин мавзўъ ва нақши сарнавиштсоз доштани онро метавон, масалан, дар моҷарои баҳси Эрон ва кишварҳои Халиҷ бар сари соҳибият бар Халиҷи Форс ба равшанӣ мушоҳида кард. Агар номи ин халиҷ ба унвони «Халиҷи Форс» решаи куҳан ва қавии таърихӣ намедошт, ин моҷаро хеле печидатар мешуд. Ҳифзи номи таърихии ин маҳал бо ҳифзи худи он ҳаммаъно шудааст.

Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар матни суханронии худ ба муносибати бузургдошти забони давлатӣ ба ин масъала ба таври вижа таваҷҷуҳ намудааст:

«Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот  дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд.

Номҳои ҷуғрофии ҳар  мавзеъ ва ҳар минтақа арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии ин сарзамин дониста мешаванд. Ин номҳо таърихи зиндаи миллат буда, бештари онҳо аз гузаштаи дур маншаъ мегиранд. Аз ин рў ба Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки таҳқиқи илмии номҳои таърихию ҷуғрофиро ба роҳ монад. Яке аз хусусиятҳои ин номҳо дар он аст, ки ба давраҳои гуногун ва забонҳои маҳаллии ин сарзамин мансуб мебошанд. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз ин номҳо дар тўли таърих бо номҳои бегона иваз карда шудаанд, ки имрўз аз рўи адолату ҳақиқати таърих бояд эҳёи тоза ёбанд».[3]

Топонимикаи тоҷикӣ агарчи бидуни дахолат ба мавзўъҳои марзӣ дар   вусъати хеле бузургтаре аз ҳудуди Тоҷикистони имрўзӣ қобили омўзиш ва таҳқиқи илмӣ мебошад, аммо ин кор дар дохили ҳудуди Тоҷикистон бояд дар ояндаи ҳарчи наздиктар амалӣ шавад. Назокати масъала дар ин ҷост, ки хеле аз ҷойномҳои бисёр куҳан, ки асолати авастоию, суғдию паҳлавӣ ва ғ. доранд бо андаке тағйир дар талаффуз ва ҳатто баъзан бидуни тағйир ба сабаби камиттилоъии мардум номҳои ғайритоҷикӣ (аксаран туркӣ) дониста шудаанд ва ба тахмин маънододе ҳам барои онҳо сохтаанд. Ончи ба шўхӣ «эҳтимология» (зидди этимология) номида мешавад. Дар ин мавридҳо, табиист, суоле ба миён меояд, ки чи тавр шуда, ки дар сартосари Осиёи Марказӣ ва бештар аз он аксари ҷойномҳо асолати тоҷикӣ доранд ва дар хостгоҳи ин забон, ки ҳамеша маскану маъвои тоҷик буд, масъала баракс сурат гирифтааст? Чунин пиндорҳо баъзан боиси он шудааст, ки ҷойномҳои бисёр куҳану асил (ҳатто авастоӣ) бо пешниҳоди афроди ғайримутахассис дар маҳалҳои гуногун иваз карда шаванд. Ин номҳои нав ҳам аксаран такрорӣ мебошанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар чандин маҳал гузошта шудаанд. Ба ҷойи чунин иқдом лозим аст, ки агар дар талаффузи асли таърихии ин ҷойномҳо тағйире ва таҳрифе рух додаст, он тағйиру таҳриф бартараф ва асли илмии ном барқарор гардад (мисли Шаҳритуз – Шаҳритус). Албатта, ин мавзўъ дар оянда гуфтугўи муфассалтареро мехоҳад.

Тоҷикистон бо ҷойномҳои куҳани худ мисли як девони шеъри барҷаста аст ва ба ҳар маҳале, ки сафар мекунед, аз мутолиаи он лаззати фаровон мебаред. Таърих сафҳа-сафҳа дар назари шумо боз мешавад ва жарфои бепоёни осмонии онро мушоҳида мекунед. Ин ҷойномҳо қосидони забон, таърих, фарҳанг, ойинҳо, ормонҳо.., дар ниҳоят ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, ки бо касби Истиқлол аз хатари нобудӣ эмин шудаанд ва ин ғанимати бузургест. Ба назари инҷониб заруртарин иқдом нахуст ин аст, ки ҳар чи зудтар «Донишномаи бузурги ҷойномҳои Тоҷикистон» ҳамроҳ бо харитаи комилу дақиқи ҷойномҳо тартиб дода шавад. Ин Донишномаи ҷомеъ дар баробари он, ки симои топонимикаи мавҷуди Тоҷикистонро барои ҳамеша маҳфуз медорад, муҳимтарин манбаъ барои пажўҳишҳои васеъ ва дақиқи илмӣ дар ин замина мегардад. Аз ҷумла муҳимтарин манбаъ барои илмҳои таърих, таърихи забон ва умуман забоншиносӣ мегардад.

Аз тарафи дигар, агар ба мавзўъи аслии матлаб баргардем, маҷмўаи ҷойномҳои ба меъёрҳои илмӣ мураттабшуда, воситаи муносиби дигаре хоҳад буд, барои собит  намудани асолати куҳани бисёре аз калимаҳою таъбирҳо ва ҳатто сохторҳои забонӣ дар забони муосири тоҷик, ки мифтоҳе хоҳад шуд барои кушодани розу румузи мероси фарҳангии мо ва ҳамзабонони мо.

Таълифу танзими чунин донишномаи ҷойномҳо дар таҷрибаи илмии халқҳои дигар ҷой дорад ва аз ҷумла дар ҳамин даҳсолаи охир донишномаи ҷойномҳои Санкт Петербург аз тарафи донишмандони рус мураттаб гардидааст.

Дар айни ҳол ҳанўз ҷойномҳои береша ва тасодуфӣ, ки ба маҳзи мулоҳизаҳои сиёсӣ замоне дар ҷо-ҷои сарзамини мо рўйи номҳои бостонӣ ва таърихиро пўшондаанд, дигар бе ҳеч дудилагӣ бояд канор зада шаванд ва қабл аз ҳама ҳамон номҳои таърихӣ барқарор гардад ва агар номи таърихии маълум ва ё номи шоистае нест, номи нави муносиб бар ин ҷойҳо дода шавад. Имрўз барои иҷрои ин кори муҳим ҳеч монеае вуҷуд надорад ва хушбахтона ин иқдомот амалӣ мегардад. Дар айни ҳол бояд таъкид намуд, ки дар ин иқдомҳо ҳеч гуна ситез ба фарҳангҳои дигар вуҷуд надорад, балки ҳанўз ҳам ойини неки арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги фарҳангии ҷаҳон дар кишвари мо пос дошта мешавад.

Бино бар ин мулоҳизот, бояд ифтихори барҳаққи мо аз забони модарӣ, забони давлатӣ ҷанбаи амалӣ ва воқеӣ дошта бошад. Андешае, ки тавону қудрати забони мо танҳо ба шеъру адабиёт ихтисос дорад, аз нигоҳи мантиқӣ ва илмӣ беасос аст. Агар забони мо дар тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба авҷи қудрату шукуфоӣ намерасид, наметавонист замина ва пайкари чунон адабиёти оламшумул гардад, зеро ин адабиёт бо ин забон тамоми ҷанбаҳои зеҳниву айнии ҷомеа ва фардро таҷассум намудааст. Донистани забонҳои дигар, хусусан забонҳое, ки дар паҳнаи бузургтаре аз ҷаҳони имрўз густариш ёфта ва воситаи муҳими ҳамкорӣ ва муошират мебошанд, як амри зарурӣ ва барои ҳама маълум аст. Аммо ҳеч забони дигар наметавонад таъминкунандаи ҳувият ва истиқлоли воқеии мо бошад. Аз тарафи дигар донистани забонҳои дигар ҳам танҳо дар сурати хубу аъло донистани забони модарии худ муяссар мегардад, ки ин як ҳақиқати ошкор аст.

Хусусан, ҳифз ва афзоиши тавоноиҳои забони давлатӣ дар бахши корҳои пажўҳишӣ ва илмӣ имрўз фавқулода муҳим мебошад. Имрўз вақте, ки дар хусуси истилоҳсозӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ дар ҳамаи фанҳо чун муҳимтарин вазифа ва зарурат сухан меравад, суоле ба миён меояд, ки агар донишмандон ва муҳаққиқони мо рисолаҳо ва китобҳои илмии худро, ки воситаи унвон гирифтан ва расмият ёфтани мақоми илмӣ ва тахассусии онҳо мебошад, ба забони тоҷикӣ нанависанд, дар ҳар яке аз ин корҳои илмӣ чандин истилоҳи куҳнаву навро ба забони модарии худ ба кор набаранд, чи тавр ва дар кадом муддате ин вазифаи муҳим ва муқаддас амалӣ мегардад? Ё як ҷавоне, ки мактаби миёна ва донишгоҳро ба забони модарии худ хондааст, агар мехоҳад мутахассиси ягон бахши илм шавад, чаро натавонад ба он забоне, ки дарс хондааст ва забони расмии кишвараш аст, таҳқиқоти илмии худро бинависад? Дар ҳоле ки дар ин масъала имрўз ҳеч навъ маҳдудият ва маҷбурияти хориҷӣ ва дохилӣ вуҷуд надорад. Чунон ки дар идомаи суханронии мазкури Райиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

«Чунон ки аз таҷрибаи гузаштаи ҷомиаи форсизабонон маълум аст, истилоҳоти илмии асрҳои миёна асосан аз забони арабӣ ё тавассути забони арабӣ ворид мешуданд, ки ин ба мақоми забони арабӣ дар он замон иртибот дошт. Аммо имрўз, ки манбаи истилоҳоти илмӣ забонҳои аврупоист, лозим аст, ки бо дарназардошти мушаххасоти илмиву фанноварии муосир дар бахши истилоҳот аз имконоти дохилии забон, яъне аз қолабҳои суннатии калимасозии забони тоҷикӣ истифода шавад….Мо ҳеч гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки аз аҳди Сомониён ва минбаъд  дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад.»[4]

Хушбахтона, дар як фосилаи кутоҳи замонӣ ин мавқеъ ба тадбири амалӣ пайваст, ки метавонад ба таври бесобиқа дар такомул ва рушди забони илмии тоҷикӣ мусоидат намояд ва ҳимояту дастгирии густардаи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон дар ин замина амри зарурӣ мебошад. Манзур муроҷиати дигарбораи Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ ба ин мавзӯи муҳим мебошад:

“Чанд рўз пеш ман фармонро доир ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардам, ки тибқи он фаъолияти сохтори зикршуда аз моҳи январи соли 2015 оғоз мегардад.

Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад.

Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат

мусоидат намояд.”[5]

Ин ҷо мавзўъи дигаре ба миён меояд, ки эҳтиром ва эътимод ба худ ва ба забони модарии худ мебошад. Шояд истифода аз истилоҳот ва андешаҳои қолабии омодаи хориҷӣ ва баъзан бештар аз ин ҳам, кори хеле осонтар аз таълифи таҳқиқоти илмӣ ва асноди расмиву дигар навъ матнҳо ба забони

модарӣ ва расмии кишвари худ бошад. Аммо ин мавриде нест, ки дар хусуси осон кардани кори худ биандешем, балки масъалаи ҳифзи ҳувият ва истиқлоли маънавию фарҳангӣ мебошад, ки ин ҳақро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам барои мо қойил шудааст ва дар воқеъ ба таври ниҳоӣ ва барои ҳамеша амалӣ сохтани он вазифаи муқаддас ва пурифтихори худи мо мебошад.

                                                                  

                                                     Маҷаллаи “Садои Шарқ”, №10, 2014

 

_____________________________________________________________

  1. Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ. – Душанбе: Дониш, 1978, с.79-80.
  2. Собит Манофзода. Тоҷикон ва алифбои нав// Раҳбари дониш, 1927, №2.
  3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи забони давлатӣ. 04.10. 2012, ш.Душанбе// Масъалаҳои маориф, № 5, 2012 сентябр-октябр.
  4.  Ҳамон манбаъ.
  5. Суханронии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш//.Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 01.09.2014

 

 

 

 

 

Декабрь 23, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад