Шаби соли нав дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа мушакпаронӣ мешавад

Декабрь 28, 2017 15:09

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем,  31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт   шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе хабар доданд, баъди анҷоми барномаҳои  фарҳангӣ  дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа  мушакҳои ранга  паронда мешаванд.

Бино ба иттилои  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов, арчаи имсолаи  солинавӣ  дар майдони «Дӯстӣ», ки  дар баландии 25 метр қомат афрохтааст, бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин  арчаи идона  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ    фарқ дошта, бори аввал аст, ки  се ҳафта пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ  дар маркази пойтахт гузошта  шудааст. Имсол дар муқоиса ба солҳои пеш ба ғайр аз майдони «Дӯстӣ»,  дар чор ноҳияи пойтахт низ арчаҳои идона фурӯзон  гардида,  дар ин макон низ барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони мамлакат баргузор  мегарданд ва баъди анҷоми  маъракаҳои  идона  мушакҳои ранга паронда мешаванд.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки  бори аввал аст   ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангии пойтахт   бахшида ба Соли нави мелодӣ  бо  истифода аз чароғакҳои светоидиву барқӣ  ва   хаёлоти   рангини бадеӣ ороиш меёбад.

Декабрь 28, 2017 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад