ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 декабр, якшанбе, 344-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 21 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
7 сол пеш, 10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 9 декабр дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як руйдоди муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд.
10 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии футбол.
***
Дар Тайланд – Рузи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
10 декабри соли 2009 дар Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон маросими мукофотсупорӣ ба иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона дар Афғонистон аз Тоҷикистон баргузор гардид.
***
10 декабри соли 2013 дар бинои Барномаи рушди СММ воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.
***
78 сол муқаддам, 10 декабри соли 1939 дар Франсия дар рӯзҳои душанбе, сешанбе ва ҷумъа ба фурӯш баровардани гӯштро манъ карда шуд.
***
10 декабри соли 1945 ИМА барои таъсис додани қароргоҳи СММ дар Ню Йорк розигӣ дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1901 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи Нобел баргузор гардид.