ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 декабр, душанбе, 345-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 20 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 11, 2017 08:02

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

11 декабри соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.

***

11 декабри соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи «С» минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.

***

 2 сол пеш,  11 декабри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конфронси «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» ба Туркманистон сафар карданд.

11 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо.

РӮЙДОДҲО:

11 декабри соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» илова ворид карданд.

***

11 декабри соли 2014  дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот» мизи мудаввар баргузор гардид.

***

165 сол муқаддам, 11 декабри соли 1852 дар Париж куҳнатарин бинои сирк кушода шуд.

***

11 декабри соли 1946 аввалин компютери «Марк-1» ихтироъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1946  Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

Декабрь 11, 2017 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст